Маълумоти охирин
Главная / Илм / Нефертити

Нефертити

Нефертити, маликаи Мисри Қадим (охири асри 15— аввали асри 14 то мелод), завҷаи Аменхотепи IV (Эхнатон). Зоҳиран дар гузаронидани ислоҳоти динии шавҳараш иштирок доштааст, ки пас аз он номи Нефер-Неферу-Атон («Ҳусну ҷамоли Атон беҳамтост»)- ро гирифт. Соли 1912 ҳангоми ҳафриёти археологӣ дар Ал-Аморна устохонаи ҳайкалтарош Тутмес ва муҷассамаҳои Нефертити ёфт шуданд (ҳоло дар музейҳои Қоҳира ва Берлин махҳфузанд).

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …