Маълумоти охирин
Главная / Илм / Нефелин

Нефелин

Нефелин (аз юн. nephе1e — абр), минерал аз синфи силикатҳо. Таркиби химиявиаш KNa3[AlSiO4]4. Одатаy дар таркибаш хеле бисёр силитcий ва чун омехта калсий, маг­ний, баъзан оҳан, бериллий, хлор, об, галлий ҳам дорад. Системаи кристаллбандиаш гексагоналӣ. Агрегатҳои яклухти донадор, баъзан кристаллҳои кӯтоҳи приамамонанд ҳосил менамояд. Беранг, гулобиранг, хокистарранг ё сабзранг мешавад. Сахтнаш 5,5—6; зичиаш 2550—2650 кг,/м3. Нефелин яке аз минералҳои асосии ҷинсҳои кӯҳии ишқорӣ — сиенитҳои нефелиндор ва пегматитҳои онҳо мебошад. Конҳои калони Нефелин дар СССР дар нимҷазираи Кола, к. Илмени Урал, кишвари Краснояр, қаторкӯҳи Олой мавҷуданд. Аз Нефелин алюминий мегиранд, со­да ва маҳсулоти дигар тайёр мекунанд. Дар истеҳсоли шиша ва силикагел ба кор мебаранд. Дар хочагии қишлоқ ҳамчун нурӣ истифода мешавад.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …