Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Недзевский Антон Петрович

Недзевский Антон Петрович

Недзевский Антон Петрович (таваллуд 30. 1. 1902, деҳаи Улукии губернияи Могилёв), геологи советӣ, академик АФ РСС Тоҷикистон (1953), геологи Хизматнишондодаи РСС Тоҷикистон (1972). Аъзои КПСС аз  соли 1957. Институти кӯҳкории ш. Ленинградро

хатм кардааст (1934). Аз соли 1931 дар ҳайати экспедисияи Помир ва дигар ноҳияҳои Тоҷикистон бо нақшагирии геологӣ машғул буд. Аз соли 1939 дар Управленияи геологияи РСС Тоҷикистон роҳбари экспедисия ва солҳои 1947—53 саргеологи ҳамин управле­ния. Солҳои 1953—57 ноиб-президенти АФ PGC Тоҷикистон, 1957—65 ҷонишини раиси Комитети давлатии назди Совети Вазирони РСС Тоҷикистон оид ба координасиял корҳои илмию техникӣ. Аз соли 1966 консултанти калони Институ­ти геологияи АФ республика. Бо роҳбарӣ ва иштироки Недзведский якчанд харитаи геологии Тоҷикистон тартиб дода шудааст. Оид ба масъалаҳои геология, стратиграфия ва тектони­ка 20 мақолаи илмӣва зиёда аз 50 ҳисобот навиштааст. Ӯ яке аз аввалин схемаҳои стратиграфии ҷинсҳои эраи палеозойи реслубликаро пешниҳод намуд. Хусусиятҳои тектоникии Помир, Тоҷикистони Марказию Шимолиро ошкор карда, ҳаракатҳои навтарини тектоникии давраи чоруминро дар ҳавзаи дарёи Зарафшон муайян намудааст. Ӯ кашшофи конҳои сурмаю симоби Дижикрӯд (бо ҳам- роҳии А. В. Коровкин), сурмаи Эҷам ва булӯри кӯҳии Одуд (Язгулом) мебошад. Бо орденҳои Дӯстии халқҳо, Байрақи Сурхи Меҳнат, «Нишони Фахрӣ» ва медалҳо мукофотонида шудааст.

Асос: Достижения геологической нау­ки в Таджикистане за 40 лет. Тр. Института геологии АН Таджикской ССР, в. 2, 1957.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …