Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Неделин Митрофан Иванович

Неделин Митрофан Иванович

Неделин Митрофан Иванович (9. 11. 1902, шаҳри Борисоглебски вилояти Во­ронежи ҳозира — 24. 10. I960), ҳодими ҳарбии советӣ, Сармаршали ар­тиллерия (1959),

Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ (1945). Аъзои КПСС аз соли 1924.

Иштирокчии ҷанги гражданӣ (1918 —20). Курсҳои ар­тиллерии такмили ихтисоси ҳайати фармондеҳои (1929) ва 1934), курсҳои академии так­милп ихтисоси  ҳайати фармондеҳонро (1941) хатм намуд. Солҳои 1937— 39 ихтиёрӣ дар Ҷанги граждании Испания иштирок кард. Аз соли 1938 командири полки артиллерӣ, сардори артиллерияи дивизия ва коман­дири бригадаи артиллерӣ.

Дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941 —1945) Неделин— командири бригадаи ар­тиллерӣ, ҷонишини сардор ва сардори артиллерияи армияҳо дар фронтҳои Ҷанубӣ ва Кавказӣ Шимоли (1941—43); чонишини фармондеҳи артиллерия дар Фронти Кавкази Шимолӣ ва командири корпуси ар­тиллерӣ (1943); фармондеҳи артил­лерияи фронтҳои Ҷанубӣ-Ғарбӣ ва 3-юми Украина (1943—45). Баъди ҷанг фармондеҳи артиллерияи гурӯҳи қӯшунҳои Ҷанубӣ (1945—46), сардори штаби артиллерияи Қувваҳои Мусаллаҳ (1946—48), сардори Саруправленияи артиллерии Қувваҳои Мусаллаҳ (1948—1950); фармон­деҳи артиллерияи Армияи Советӣ (1950—52 ва аз апрели 1953 то май 1955); ҷонишини вазири ҳарбии СССР (аз январи 1952 то апрели 1953). Аз марти 1955 ҷонишини вазири мудофиаи СССР ва аз декабри 1959 дар як вақт сарфармондеҳи Қӯшунҳои ракетии стратегӣ. Аз соли 1952 номзад ба аъзоии КМ КПСС. Депутати Совети Олии СССР (даъватҳои 4—5). Бо 5 ордени Ленин, 4 ордени Байрақи Сурх, орден ҳои Суворов (дарачаи I) Кутузов (дараҷаи I), Богдан Хмельнитский (дараҷаи 1), «Нишони Фахрӣ> ва медалҳо, инчунин ордену медалҳои мамлакатҳои хориҷӣ мукофотонида шудааст. Дар девори Кремли Майдони Сурх мадфун аст.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …