Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Нёчкина Милитса Василевна

Нёчкина Милитса Василевна

Нёчкина Милитса Василевна (таваллудаш 25. 02. 1901, Нежин, ҳозира вилояти Чернигови РССУ), муаррихи советӣ, акад. АФ ОССР (1958), аъзои ҳақиқи АИП СССР (1966). Соли 1921 факултети таъриху филологияи Университети Қазонро хатм кардааст. Нёчкина солҳои 1924—1927 ходими илмии Ассотсиасияи тадқиқоти илмии фанҳои ҷамъиятии Россия (РАНИОН), дар як вақт муаллими Университети Москва (1924—1926) ва Университетн меҳнаткашони Шарқ (1925— 1928), солҳои 1934—1954 профессори факултетити таърихи Университети Москва. Аз соли 1946 дар Академияи илмҳои ҷамъиятшиносӣ (аз соли 1946 профессор, 1958—1965 мудири кафедраи таърихи давраи со­ветӣ) буд.

Аз соли 1935 дар Институти таърихи АФ СCCP кор мекунад. Тадқиқоти Нёчкина масъалаҳои таърнхи ҳapaкати револютсионӣ ва афкори ҷамъиятии асри 19 рус, историография ва методологияи таърихи СССР-ро дарбар мегирад. Асарҳои асосии ӯ «Ҳаракати декабристон» (ҷ. 1—2, 1955), «Ҷамъияти славяҳои муттаҳид» (1927), «Шӯриши 14 декабри 1825» (1951) ва ғайра ба ҳаракати декабристон бахшида шудаанд. Монографияи Нёчкина— «А. С. Грибоедов ва декабристон» соли 1948 сазовори Мукофоти давлатии СССР гардид. Нёчкина инчунин му- аллиф ва муҳаррири китоби дарсии «Таърихи СССР» барои мактабҳои оли (ҷ. 1—2) ва миёна (синфҳои 7— 8) мебошад. Тахти роҳбарии ӯ ҷилдҳои 2—4-и «Очеркҳои таърихи илмҳои таърих дар СССР» (1960—1966), маҷмӯаи мақолаҳои «Таърих ва муаррихон» (1965, 1966, 1972) нашр шуда­анд. Нёчкина бо 2 орденп Ленин, ордени Байрақи Сурхи Меҳнат ва медалҳо мукофотонида шудааст.

Ад.: Дунаевский В. А., Ким М. П., Академик М. В. Нечкина, «Но­вая и новейшая история», 1971, ЛЪ 5.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …