Маълумоти охирин
Главная / Илм / Наззоми метеорӣ

Наззоми метеорӣ

Наззоми метеорӣ (аз ар.— тезчашм, дурбин, дақиқбин ва метеорҳо) як системаи агрегатҳои фотографист, барои мушоҳидаи метеор (шиҳоб)-ҳо. Ҳар як агрегати Наззоми метеорӣ одатан аз 4—6 камераи фотографии фарохзовия иборат аст. Камераҳоро тавре ҷой медиҳанд, ки онҳо якҳоя қисми ҳаддалимкон калонтарини осмонро дар бар гирифта тавонанд.

Macалан, Наззоми метеории Институти астрофизика и АФ РСС Тоҷикистон аз 4 агрегат иборат аст, ки ҳар кадомаш 6-тоӣ камераи фотографӣ (диаметри объективаш Д = 10 см, масофаи фокуси (қонуни)-аш F = 25 см) дорад. Онҳо якҷоя қисми осмонро аз зенит то масофаи зенитии 50—55° ба ҳама тараф дар бар мегиранд. Дар маҳалли асосӣ 3 агрегат гузошта шудааст: яке аз онҳо бо монтировкаи экваторӣ дар монтировкаи параллаксии телескоп (монтировкаи он қисми телес­коп, ки ба он ғулбаи мушоҳида шинонда мешавад) таъмин шуда­аст, ки барои ба даст овардани тасвири нуқтагии ситораҳо имконият медиҳад; дар пеши объективҳои агрегати дуюм обтюратори дупарра ҷой дода мешавад, ки бо суръати 1500 гард/дақ чарх зада, дар навор изи мунфасили метеорро ҳосил ме­кунад: дар пеши объективҳои агрогати сеюм барои гирифтани сурати спектри метеор призмаҳои кунҷи шиоканишашон 25° шинонда шудаанд. Агрегати чорум аз агрегатҳои дигар дар масофаи 34 км гузошта шудааст.

Коркарди якҷояи суратҳое, ки ҳамаи агрегатҳои Наззори метеорӣ гирифтаанд, барои муайян намудани лаҳзаи парвози метеор, баландӣ (бо саҳеҳии ±100 м), суръат (бо саҳеҳии 0,4%), радиант (бо саҳеҳии то 3), массаву таркиби химиявии он имконият медиҳад. Бо мақсади ҳар чи бештар гирифтани сурати метеорҳо осмонро тамоми шаб мушоҳида мекунаид (кадрҳо баъди ҳар 0,5—1 с иваз кар­да мешаванд). Наззори метеории Институти астрофизикаи АФ РСС Тоҷикистон боз ду агрега­ти иловагие дорад, ки онҳо якҷоя аз 16 камераи фотографии дарозконуна (F = 75 см, D: F = 1: 3,5) иборат буда, барои бо методи экспозитсияҳои лаҳзагӣ (0,56 ∙  сон) ги- рифтани суратҳои умумӣ ва спект- ри метеорҳо хизмат мекунанд. Ниг. низ Метеорро.

Ад.: Бабаджанов П. Б., Крамер Е. Н., (Методы и некоторые резултаты фотографических исследований метеоров, М., 1963; К а т а с е в Л. Л., Исследова­ние метеоров в атмосфере Земли фотог­рафическим методом, Л., 1966.

П. Б. Бобоҷонов.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …