Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Назорати прокурорӣ

Назорати прокурорӣ

Назорати прокурорӣ, назора­ти олӣ барои аз тарафи ҳамаи назоратҳо, комитетҳои давлатӣ, идораҳо, ташкилотҳои тобеи онҳо, оргаиҳои иҷроия ва амрдиҳанда, шахсони мансабдор, гражданҳои ИТТИҲОДИ ШӮЪРАВӢ (мод. 164 Конститутсияи ИТТИҲОДИ ШӮЪРАВӢ) аниқ иҷро кардани қонунҳо. Органҳои Прокуратураи ИТТИҲОДИ ШӮЪРАВӢ уҳдадоранд, ки дар сари вақт нисбат ба вайроикунандагони қонун чораҳо бинанд.

Прокурори генералии ИТТИҲОДИ ШӮЪРАВӢ ва системаи про­куратура вазифаҳои вазоратии худро бо роҳи аз тарафи муассиса, идора, гражданҳо ва ғайраҳо аниқ риоя ва иҷро кардани қонун ба амал мебаро­ранд. Назорати прокурорӣ инчунин водор мекунад, ки шахсони ҷиноят содиркарда ба ҷавобгарии ҷинояти кашида ша-ванд; органҳои ҷустуҷӯ ва тафтиши пешакӣ дар ҷараёни фаъолияти худ, судҳо дар вақти дидани корҳои гражданию ҷиноятӣ қонунро риоя кунанд.

Иҷрои қонуну ҳукмҳо ва талаботи қонун дар ҷои ҳабс ҳатмист. Барои татбиқи Назорати прокурорӣ прокурорҳо ваколат ва ҳуқуқ доранд, ки аризаву шикояти гражданҳоро дида бароянд, иҷрои қонунҳоро дар ҷояш тафтиш кунанд (дар муассисаю корхона); метавнанд аа шахсони мансабдору гражданҳо дар бораи вайрон кардани қонун пешниҳоди хуҷҷатҳои зарурӣ, маълумот ва ғайраро талаб намоянд ва ба оргавҳои давлатию ҷамъияти оид ба бартараф кардани ҳуқуқввайронкунӣ ва ғайра тавсия пешниҳод кунанд.

Нисбат ба шахсони мансабдори гражданҳое, ки қонунро вайрон кардаанд (вобаста ба хусусияти вайронкунӣ), прокурор метавонад айбдоронро ё ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашад ё нисбат ба онҳо чораҳои ҷавобгарии маъмурӣ, интизомӣ ё моддӣ татбиқ намояд. Дар ҳолатҳои зарурӣ прокурор барои адои зарари моддӣ чораҳо меандешад.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …