Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Назорати халқӣ

Назорати халқӣ

Назорати халқӣ системаи на­зорат дар ИТТИҲОДИ ШӮЪРАВӢ, ки ба он Комитети вазорати халқии ИТТИҲОДИ ШӮЪРАВӢ роҳбарӣ ме­кунад. Назорати халқӣ аз болои аппарати идоракунии давлатии советӣ ва шахсо­ни мансабдори он, шахсони мансабдори колхозҳо ва дигар ташкилотҳои кооперативию ҷамъиятӣ дар шакли тафтиши муттасили рафти иҷрои планҳои давлатӣ, дуруст ва сарфакорона тақсам намудани захираҳои меҳнатию. моддӣ, маблағҳои пулӣ, такмил додан ва кам кардана харҷи аппарати идоракунӣ, таъмини риояи интизоми давлатӣ ва қонунияти давлатӣ гузаронда мешавад.

Мувофиқи Программаи КПСС (1961) Назорати халқӣ дар асоси омезиши назорати давла­тӣ бо инспексияҳои ҷамъиятӣ дар маҳалҳо ташкил шудааст. Дар соҳаҳои хоҷагӣ, илму техника ва ғайра дар қатори аппарати асосӣ инчунин шӯъбаҳои ғайриштатӣ, комиссияҳои доимӣ ва муваққатии Назорати халқӣ ташкил мешаванд, ки дар онҳо ҷамъиятчиён кор мебаравд. Нисбат ба вайровкунандагони тартиботи давлатӣ дар баробари чораҳои таъсири ҷамъияти (огоҳи, дар коллективи меҳнатӣ муҳокима кардани кирдори ношовста), чораҳои таъсири давлатӣ (нигоҳ доштани пул, дур кардан аз вазифа ва ғайра) истифода бурда мешававд.

Дар республикаҳои иттифоқию автономӣ, кишварҳо ва вилоятҳо комитетҳои Назорати халқӣ, дар вилоятҳои автономӣ низз комитетҳои округӣ, шаҳрӣ, районии Назорати халқӣ, дар назди Советҳои депутатҳои халқии қишлоқиву посёлкавӣ, дар корхонаҳо, колхозҳо, муассиса ва қисмҳои ҳарбӣ гурӯҳ ва постҳои Назорати халқӣ ташкил карда мешавад. Назорати халқӣ аз рӯи тарзи ташкил, ҳайат, тарзу усу­ли фаъолияташ демократист: аъзоёни гурӯҳ ва постҳо дар маҷлисҳои коллективҳои меҳнаткашон инттхоб шуда, комитетҳои маҳаллӣ дар сессияҳои Советҳои депутатҳои халқӣ барпо мегарданд. Ба органҳои Назорати халқӣ коргарон, колхозчиён, хизматчиён, нафақахурҳо, соҳибхоназанон, ком- мувистову бепартиявиён, намоянда- гони ташкилотхои чамъиятию партиявӣ, иттифоқҳои касаба, комсомол ва ғайра интихоб мешаванд. Қонунро дар бораи Назорати халқии ИТТИҲОДИ ШӮЪРАВӢ Совети Олии ИТТИҲОДИ ШӮЪРАВӢ соли 1978 қабул кардааст. Ба сис­темаи Назорати халқии Тоҷикистон Комитети вазорати халқии РСС Тоҷикистон роҳбарӣ мекунад.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …