Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Назорати автоматӣ дар мошинсозӣ

Назорати автоматӣ дар мошинсозӣ

Назорати автоматӣ дар мошинсозӣ, просесси назорати андозаҳои деталҳои мошин, ки дар он кори операторро пурра ё қисман ме- ханизмҳои таҷҳизоти ченкунанда иҷро мекунанд. Мақсади Назорати автоматӣ кӯтоҳ кардани вақти барои назорат сарфшаванда, роҳ надодан ба худкомӣ дар баҳодиҳӣ ба сифати деталҳо мебошад. Амали коркарди асосии Назорати автоматӣ инҳоанд: ҷо ба ҷо мондан ва ба мавқеи қобили назорат гузоштани деталҳо, назорат кардан ва дар зим­ни он деталҳои коромаду деталҳои бракро аз ҳам ҷудо намудан. Назорати автоматиро бо автоматҳо (просесс пурра автоматонида шудааст), н и м а в т о м а т ҳ о (як ё чанд амалиёт автома­тонида шудааст) ва олати назо­рат ҷорӣ кардан мумкин аст. Назорати автоматӣ барои чен кардани як параметри чандин детал ва ё барои дар як вақт ё пай дар пай санҷидани якчанд параметри як детал истифода мешавад. Аз рӯи таъинот (вобаста ба шумораи гурӯҳҳои деталҳо пас аз назо­рат) Назорати автоматиро ба ду гурӯҳ ҷудо ме­кунанд. Ба гурӯҳи якум Назорати автоматие дохил мешавад, ки он дар ҳудуди ха­тои ҷоиз фақат як гурӯҳ деталҳои коромадро ҷудо карда мегираду де­талҳои боқимонда (як ё ду гурӯҳ)- ро брак ҳиооб мекунад. Ба гурӯҳи дуюм Назорати автоматие дохил мешавад, ки он дар ҳудуди хатои ҷоиз якчанд гурӯҳ деталҳои коромадро ҷудо мекунад (онҳо ҳангоми васлкунии мунтахаби мошинҳо истифода мешаванд). Гурӯҳи дуюми Назорати атоматӣ бештар маълум аст, зеро он соддагии просесси тайёр намудани деталҳо ва арзон шудани истеҳсолотро таъмин мекунад, аз ин рӯ ин гурӯҳи Назорати автоматӣ ба истеҳсолоти оммавӣ хос аст.

Ад.: К о н д а ш е в с к и й  В. В., Авто­матический контроль размеров деталей в процессе обработки М., 1951; Воло­сов С. С., П е д ъ В. И., Приборы для ав­томатического контроля в машинострое­нии, М., 1970.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …