Маълумоти охирин

Назмӣ

Назмӣ (соли таваллуд номаълум — вафот 1623, Балх), шоири тоҷик. Дар деҳаи Фулур (Фулул)-и Бадахшон таваллуд ёфтааст. Насрободӣ дар тазкирааш ба иштибоҳ Фулурро яке аз деҳоти музофоти Балх гуфтааст. Мувофиқи маълумоти муаллифи «Баҳр-ул-асрор» Маҳмуди Китобдор Назмӣ пас аа шӯҳрат пайдо кардан ба дарбори Имомқулихон даъват гардида, ба унвони маликушшуаро соҳиб шудааст. Ду нусхаи девони қасоиди Назмӣ (дар китобхонаи Институти шарқшиносии АФ РСС Ӯзбекистон таҳти рақами 9727 ва дигаре дар захираи дастнависҳои шарқии АФ РСС Тоҷикистон тахти рақами 1181 маҳфузанд), девони ғазалиеташ (дар китобхонаи Институти шарқшиносии АФ РСС Ӯзбекистон тахти рақами 9725 махфуз) то замеони мо расида, зиёда аз 5 ҳазор байтро ташкил медиҳанд. Маҳмуди Ки­тобдор манзумаеро бо номи «Ахлоқи Мӯҳсимӣ» ба Назмӣ нисбат дода, порчаеро аз он овардааст. Эҳтимол Назмӣ «Ахлоқи Муҳсинӣ»-и Ҳусайн Воизи Кошифиро ба риштаи назм кашида бошад. Мавзӯи асосии эҷодиёти Назмӣ мадҳ шикояту ҳасби ҳол ва панду ахлоқ аст.

Ад.: Ҳабибов А., Ганҷи Бадахшон, Д., 1972.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …