Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Назмӣ Муллонаҷмуддини Бухороӣ

Назмӣ Муллонаҷмуддини Бухороӣ

Назмӣ  Муллонаҷмуддини Бухороӣ (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), шоири асри 19 тоҷик. Назмӣ дар зодгоҳаш Бухоро таҳсили илм ва камоли касб намудааст. Возеҳ дар «Туҳфат-ул-аҳбоб фӣ тазкират-ил-асҳоб» дар 19-солагӣ вафот ёфтани Назмиро қайд карда, қариб ба дараҷаи девон расидани ашъори ӯро хабар медиҳад. Назмӣ бо забони турки низ ошно будааст. Дар эҷодиёти Назмӣ мавзӯъҳои ишқӣи, танқиди бидъатҳои динӣ, мазаммати зоҳидону тақводорон мавқеи асосӣ доранд Қисме аз ашъори Назмӣ дар тазкираву баёзҳои асри 19 дучор меоянд.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …