Маълумоти охирин
Главная / Илм / Назми бадахшонӣ

Назми бадахшонӣ

Назми бадахшонӣ (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), шоири асри 18 тоҷик. Дар яке аз деҳаҳои Шуғнон таваллуд ёфтааст. Аз осори ӯ бармеояд, ки шоир рӯзгори сахте дошта, дар ғурбату оворагӣ, дур аз ватан умр ба cap мебурдааст. Аз Назмии Бадахшонӣ баёзе, ки аксари шеърҳои дар он ҷамъоваришуда ба ӯ дахл доранд ва маснавии «Сироҷ-ул-муъминин», инчунин ғазалу рубоиёт ва қасоидаш (дар баёзу ҷунгҳо) боқӣ мондаанд.

Дар баёзи зикршуда (китобаташ 1894) тарҷеот, таркиббандҳо, қасоид, мухаммасот, (маснавиҳои хурди Назмии Бадахшонӣ гирд омадаанд. «Сироҷ-ул- муъминин» рисолаи панду ахлоқиест, ки дар руҳияи исмоилия ба пайравии «Рӯшноинома» ва «Саодатнома»-и Носири Хисрав навишта шудааст. Дар эҷодиёти Назмии Бадахшонӣ мавзӯъ ва мазмунҳои пандуаҳлоқӣ, тасаввуфӣ ва дилӣ, норозигӣ аз ҷафову зулми аҳли замон, ғарибӣ, ҳасби ҳол, инчунин мавзӯи тасвири табиат ва ғайра тадқиқ гардидаанд. Гарчанде Назмии Бадахшонӣ қасидаҳои зиёде дорад, шоирони маддоҳу ҳарзагӯро танқиду мазаммат кардааст.

Ад.: Ҳабибов А., Ганҷи Бадахшон, Д., 1972.

 

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …