Маълумоти охирин
Главная / Илм / Назла

Назла

Назла (ар. — фуруд омадан), дар тибби қадим бемориест, ки дар натиҷаи аз қисми пеши майна ба халқ, бинӣ, шуш, сина, меъда ва ғайра фуруд омадани фузул (моддаҳои тари нодаркор) ба вуҷуд меояд, Масалан, ба бинӣ рехтани фузулро одатан зуком меномиданд. Назла ду навъ мешавад: 1) Назлаи гарм, ки рақику сӯзишоваранда аст ва аз он ҳарорати ба­дан баланд мешавад. 2) Назлаи сард, ғализ ё рақиқ аммо сӯзиш на дорад, ҳарорати бадан муътадил аст. Ҳангоми Назма баъзан дар поёни пешонӣ, дар зери абрӯҳо ва атрофи онҳо бемор дарди сахтро ҳис мекунад

Дар тибби муосир Назла, тахминан, гу­рӯҳи касалиҳои сироятноки (виру- сии) роҳҳои нафас (грипп, зуком, ла­рингит, фарингит, синуситҳо) ва оқибатҳои бади онҳоро ифода менамояд.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …