Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Назирии Нишопурӣ

Назирии Нишопурӣ

Назирии Нишопурӣ Муҳаммадҳусайн (соли таваллудаш но­маълум— вафот 1612), шоири эронӣ. Назирии Нишопурӣ аслан аз Нишопур буда аз ҷавонӣ ба шеъру шоирӣ шавқи зиёд доштааст. Пас аз чанде аз Нишопур ба Кошон омада дар ҷамъомадҳо мушоираҳои шуарои он ҷо иштирок карда, сипас ба Ҳиндустон рафтааст. Дар он ҷо ба хидмати дарбори Акбару Ҷаҳонгир ҷалб шуд, вале то охири умр дар дарбор истода натавонист.

Аз як тараф, зиддиятҳои дохилии дарбор, аз тарафи дигар, ихтилофи худи ӯ бо шоирон Урфӣ ва Зуҳурӣ сабаб шуданд, ки солҳои охири ҳаёташро берун аз дарбор дар гушанишини гузаронад. Аз Назирии Нишопурӣ де­воне боқи мондааст, ки дар он қасида, ғазал, рубоӣ, тарҷеъбанд ва дигар шаклҳои шеърӣ ҷамъоварӣ шудаанд. Ғазалиёти шоир, асосан дар мавзӯъҳои ишқӣ суруда шудаанд. Бештари қасидаҳои шоир мадҳист, вале Назирии Нишопурӣ дар қасиданояш баъзан ба ҳокимону амирони замонаш пан­ду насиҳат дода, онҳоро ба сахову мурувват даъват намудааст.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …