Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Назирӣ Наимҷон

Назирӣ Наимҷон

Назирӣ Наимҷон (А с л о н о в; таваллуд 20. 08. 1936, Ӯротеппа), шоири советии тоҷик. Аз оилаи хизматчӣ.

Аъзои КПСС аз соли 1965. УДТ-ро хатм кардааст (1959). Ходими журнали ҳаҷвии «Хорпуштак» (1959—1964), муҳаррири радио- журнали «Сӯҳбати дӯстон», сармуҳаррири Комитети давлатии телевизион ва радиошунавонии назди Со­вети Вазирони РСС Тоҷикистон (1964—1975). Аз соли 1975 мудири шӯъбаи газетаи «Роҳи коммунизм»-и шаҳри Ӯротеппа. Аввалин шеърҳояш дар газетаи «Роҳи коммунизм» соли 1950 чоп шудаанд. Шоир қариб дар ҳамаи шаклҳои шеърӣ қувваозмоӣ карда­аст.

Соли 1960 достони «Хатои Насим»- ро ки аз ҳаёти студентон нақл мекунад, таълиф намуд. Бештар ба ҳаҷву мутоиба майл дорад. Муаллифи маҷмӯаҳои «Хӯшаҳо» (1971) ва «Тӯҳфаи баҳор» (1974) мебошад. Шеърҳои хаҷвӣ ва бачагонааш дар маҷмӯаҳои «Гулқайчӣ» (1980), «Хирсаки каҷпо» (1981) ба табъ расидаанд. Очерки «Дастони шифобахш», ки дар бораи Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ духтури терапевт Камол Баратович Охунов ҳикоят мекунад, ба қалами ӯ тааллуқ дорад. Шеъру масал ва ҳаҷвияҳояш ба якчанд забонҳои халқҳои ИТТИҲОДИ ШӮЪРАВӢ тарҷума шудаанд. Асарҳои адибони рус, ӯзбек (Саид Аҳмад «Марги порахӯр»), озарӣ, туркман ва диг., инчунин латифаҳои булгории «Лабханди Габрово»-ро ба тоҷики гардондааст. Бо ме­дали «Барои меҳнати шуҷоатнок. Ба муносибати 100-солагии рӯзи тавал- луди В. И. Ленин» мукофотонида шудааст. Аз соли 1975 узви ИН ИТТИҲОДИ ШӮЪРАВӢ.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …