Маълумоти охирин
Главная / Илм / Назира

Назира

Назира (ар. муаннаси мисл, монаид), як шакли анъанавии шеър, ки дар адабиётҳои Шарқи Наздик ва Миёна интишор ёфта буд. Назира сарфи назар аз мавриди гуфта шуданаш ҳамеша як навъ қувваозмоӣ, имтиҳону санҷиши маҳорат ва мусобиқаи адабӣ мебошад. Адиби назирагӯй аксар барои нази расароӣ асарҳои беҳтарин ва машҳуртарини адибони бузурги гузашта ва гоҳо асарҳои барҷастаи муосирони худро интихоб мекунад. Дар мавзӯи асосӣ, вазн ва дар қасидаю ғазал ва қитъаю рубоӣ қофия ва радифи (агар бошад) асари сармашқро нигоҳ дошта, бо муаллифи он қувваозмоӣ мекунад. Назира бояд дар маонӣ бикр, дар забон равону ба фаҳми хонанда наздик ва дар воситаҳои тасвири бадеӣ ва тарзи истифодаи онҳо навигарӣ дошта бошад.

Ҳангоми Назира гуфтан ба асарҳои калонҳаҷм чун «Шоҳнома»-и Фирдав- сӣ, «Хамса»-и Низомӣ, «Маснавӣ»-и Ҷалолуддини Румӣ ва амсоли инҳо асосан ба мавзӯъ, композитсия ва вазни шеърии онҳо пайравӣ карда, дар қасида гоҳо шакл (масалан, Назираҳои қасоиди маснӯи Салмони Соваҷӣ) ва баъзан мазмун (масалан, Назираҳои қасоиди фалсафию ирфонии Хоқонӣ) ва дар рӯбоӣ фақат мазмунро пайравӣ мекунанд. Назираи ғазал ҳамаи ин ҷиҳатҳоро фаро мегирад. Гоҳо Назираҳо дар шакли нақиза — пародия навишта мешаванд (мисли асарҳои Абӯисҳоқи Атъима, Қории Аздии Албиса). Назира метавонад бо тазмин ё бидуни он бошад. Амир Хисрави Деҳдавӣ, Ҷомӣ, Навоӣ, Фузулӣ, Иқбол, Аинӣ, Лоҳутӣ, Пайрав ва дигарон  намунаҳои барҷастаи Назираро эҷод кардаанд.

Ғазали Лоҳутӣ «Инқилоби сурх», достонҳои М. Турсунзода доир ба бедории Шарқ Назираҳои зиёдеро ба вуҷуд овардаанд. Назирасароӣ баъзан ба шаклпарастӣ ва таҳлили маҳз мебарад, ки аксари осори бедилчиёни асри 19 ва шоирони дарбори Умархони Амирӣ аз ин навъ аст. Назира, ки бо истилоҳи русии «подражение» баробар аст, дар адабиёти Ғарб ва рус низ маълум буда, ба ғайр аз пайравиҳои «Ҳамлет», «Ромео ва Ҷулетта», «Доктор Фауст», «Саёҳат аз Петер­бург ба Москва», Назираҳои И. Гёте, А. С. Пушкин, С. Есенин, Л. Украин­ка ва дигарон ба асарҳои Саъдӣ, Ҳофиз, Ҷомӣ ва дигар адибони Шарқ маълуманд. Назира, ки як навъ ваҳдати услубӣ ва шаклии асарҳои замонҳои гуногун аст, бо монияти худ ба адабиёти давраи Эҳё (Ренессанс) қаробат до­рад. Назира дар санъати тасвири ва мусиқии мо низ дар асрҳои 15—19 мақоми муайяне дошт (Назираҳои асарҳои Беҳзод —дар рассомӣ ва навоиҳои «Шашмақом» дар мусиқӣ). Назира дар ин навъҳои санъат аз нусхабардорӣ бо воридоти нав ва муносибати эҷодии муаллиф ба сармашқ фарқ ме­кунад.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …