Маълумоти охирин

Назим

Назим ( Абдулбоқихоҷаи Бебок (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), шоири асри 19 тоҷик. Ҳашмат дар «Тазкират-уш-шуаро» номи ӯро Сайид Муҳаммадхоҷа зикр кардааст. Дар мадрасаҳои Бухоро таҳсил ва баъд мударрисӣ кардааст

Аз айёми таҳсил бо тааллуси «Бебок» шеър мегуфтааст, вале дар охири умр «Назим» тахалл. кардааст. Мувофиқи маълумоти тазкираи Возеҳ «Тӯҳфат-ул- анбоб фӣ тазкират-ил-асҳоб») Назим «дар таблиғи китоби «Баҳори дониш» китобе сохтаанд мавсум ба «Сунбулистон», бисёр зебо ва мат- бӯъ ва ҷумлаи фиқраоташ мурассаъ ва маснӯъ». Аз Назим ду девони ашъор боқӣ мондааст, ки таҳти рақамҳои 859 ва 1325 дар захираи дастнависҳои шарқии АФ РСС Тоҷикистон маҳфузаид.

Дар девони рақами 1325 аксари ғазалҳои девони рақами 859, ки бо тахалл. «Бебок» буданд, бо та­халл. «Назим» ислоҳу таҳрир шудаанд. Дар охири ин девон чанд шеъри ӯзбекии Назим ҷой гирифтааст. Назим дар ғазалиёташ ба Бедил ноӯҳдабароёна тақлид кардааст. Ӯ дар кор фармудани таъбирот, таносуби сухан, дар ташбеҳоту истиорот ниҳоят бедиққатӣ кардааст. Назим дар мавзӯи ишқи воқеӣ ва шикоят аз носозии айём низ баъзе шеърҳо до­рад.

Ад.: Ҳоди з од а Р., Адабиёти тоқик дар нимаи дуввуми асри XIX, Д., 1968.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …