Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Назаршоев Моёвшо

Назаршоев Моёвшо

Назаршоев Моёвшо (таваллуд 17.12. 1929, деҳаи Поршневи райони Шуғнони ВАБК), муаррихи советии тоҷик, доктори илмҳои  таърих (1980). Аз оилаи деҳқони камбағал. Аъзои КПСС аз соли 1953. Пас аз хатми мактаби миёна аз соли 1947 то соли 1948 дар корҳои педагогӣ. Солҳои 1948—1952 дар Институти давлатии педагогии шаҳри Ду­шанбе таҳсил кар­дааст. Солҳои 1952—1953 дар курсҳои тайёр намудани муаллимони фанҳои ҷамъиятшиносӣ дар назди Университети давлатии Осиёв Миёна ба номи В. И. Ленин (шаҳри Тошкент) таҳсил намудааст.

Солҳои 1953—1960 муаллими калони кафедраи таърахи КПСС-и Институти давлатии педагогии Кӯлоб ва аз сентябри 1958 то августи 1960 дар як вақт мудири кафедраи марксизм-ленинизми институти номбурда буд. Солҳои 1960— 1962 муаллими калони УДТ ва дар як вақт аз феврали 1961 то декабри 1962 котиба Комитета партиявии УДТ. Аз декабри 1962 то июни 1963 мудири шӯъбаи идеология КМ ПК Тоҷикистон Солҳои 1963—1970 котиби якуми Коматети партиявии ВАБК ва аз июни 1970 то ҳол проректор оид ба корҳои илмии УДТ. Назаров солҳои 1964—1971 аъзои КМ ПК Тоҷикистон депутати Совети Олии РСС Точҷикистон (даъвати 6-ум), депутати Совета Олии ИТТИҲОДИ ШӮЪРАВӢ (даъвати 7-ум) интихоб шудааст.

Назаров муаллифи асару мақолаҳои зиёди илми мебошад. Таҷрибаи таъри- хии КПСС оид ба роҳбарӣ ва сохтмони сотсиалистӣ дар ВАБК, тантанаи идеяҳои ленинии револютсияи мадавӣ, татбиқи амалиа сиёсати миллии ленинии КПСС, ташкилотҳои партиявии ВАБК дар мубориза барои инкишофи маорифи халқ дар Помар мавзӯъҳои тадқиқоти Назаров ме­бошанд. Бо ордени Байрақи Сурхи Меҳват, медали «Барои меҳнати шуҷоатнок» ва Грамотаҳои Фахрии Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон мукофотонида шудааст.

Ас.: Ташкилоти партиявии Бадахшони кӯҳӣ дар мубориза барои инкишофи маорифи халқ дар Помир, Д., 1971; Тантанаи идеяҳои ленинии револютсияи маданӣ дар Помир, Д., 1974; Развернутое строителство коммунистического обще­ства и далнейшее сближение сотсиали­стических натсий. Д., 1962; Партийная организатсия Памира в борбе за сотсиа­лизм и коммунизм. Д., 1970; Сотсиално- экономическое положение дореволютси­онного Памира, Д., 1975.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …