Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Назарова Хайрӣ

Назарова Хайрӣ

Назарова Хайрӣ (таваллуд. 13.10.1923, Хуҷанд, Ленинободи ҳозира), актрисаи совети тоҷик. Арт. Халқии РСС Тоҷикистон (1964). Аз оилав косиб. Солҳои 1942—1951 дар театри халқии райони Қурғонтеппа capoянда, раққоса ва иҷрокунандаи ролҳои асосии як қатор спектаклҳо: Зуҳро («Тоҳир ва Зуҳро»-и С. Абдулло), Ойхон («Найрангҳои Манса­ра»-и Ҳ. Ҳамза), Райҳон («Арӯси панҷсӯма»-и М. Урдубодӣ) ва ғайра буд. Соли 1951 режиссёр Е. И. Мителман истеъдоди фитрии Назароваро нав бурда, ӯро ба Театри давлатии академии драмаи ба номи Лоҳутӣ даъват мевамояд.

Назарова дар ин театр аз мактаби маҳорати актёрӣ гузашто, нозукиҳои пешаи артистиро аз саромадони театри тоҷик М. Қосимов, А. Бурҳонов, Т. Фозилова ва дигарон омӯхт ва ҳамчун санъаткори моҳир шуҳрат пайдо кард. Дар офаридани образҳои лирикӣ ва драматикӣ, хусусан, таҷассуми олами ботинӣ ва симои маънавии қаҳрамонҳояш маҳорати баланд дорад. Назарова ҳунарпешаи ҳассос буда, ролҳояшро табиӣ, боварибахш ва бо завқи баланд меофарад.

Образҳои барқастаи ӯ: Чулетта, Корделия («Ромео ва Ҷуле та», 1953, «Шоҳ Лир», 1957, У. Шек­спир), Қумрӣ («Дил-дили Зайнаб»-и Ш. Қиёмов ва А. Мороз, 1955), Ниги- на («Рӯдакӣ»-и С. Улуғзода, 1958), Маша («Соати бурчи Кремл»-и Н. Погодин, I960), Маҳзода («Гавҳари шабчароғ»-и С. Улуғзода, 1963), «Ma­нижа»-и Ҳ. Хушкишобӣ, 1968), Архонта («Муборизон»-и С. Карас, 1976), Зебуннисо («Зебуннисо»-и Ш. Қаёмов ва М. Шералӣ, 1977). Назарова дар баъзе филмҳои истеҳсоли киностудияи «Тоҷикфилм» низ нақшҳои дилангез офаридааст («Дӯсти мав Наврӯзов», 1957; «Вазифаи олӣ», 1958; «Дувоздаҳ соати ҳаёт», 1964 ва ғайра). Дар дубляжи қариб 300 филми истеҳсоли киностудияҳои мамлака- тамон иштирок кардааст. Ролҳои солҳои охир иҷрокардаи Назарова Азиза («Интизорӣ»-и М. Ҳакимова), Герт­руда («Гамлет»-и У. Шекспир), Соттӣ («Исёни арӯсон»-и С. Аҳмад), Шамсия («Бақои умр»-и С. Сафаров) ва ғайра мебошанд, ки дар онҳо паҳлуҳои нави маҳорати артистии ӯ зоҳир гаштааст. Дилрабоиву ҷаззобӣ, самимият ва нафосати баланд хоси образҳои офаридаи ӯ мебошанд.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …