Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Назаров Тӯйчӣ

Назаров Тӯйчӣ

Назаров Тӯйчӣ (1896, деҳаи Кафтархонаи ҳозира райони Фарғона, вилояти Фарғонаи РСС Ӯзбекистон,—1974, деҳаи Қалъачаи райони Фарғона), Қахрамони Иттифоқи Советӣ (1945), аскари қатории гвардия. Аз оилаи деҳқони камбағал. То ба сафи армия даъват шуданаш  тракторчии колхози «Съез­ди 18-уми пар­тия»-и pайони Фарғона. Дар ҷангҳои зидди истилогарони немис аз 1 июни 1943 иштирок кард. Назаров дар Фронти 1-уми Украина, дар собиқ баталёни 2-юми     мототирандозии гвардиягии 17-уми механиконидаи орденн Байрақи Сурхдор хизмат мекард. Назаров ҳангоми аз дарёи Одер гузаштан корнамоӣ нишон дод. 24 январи 1945 дар асри тирборонии сахти пулемёти душман ба соҳили чапи дарё гузашта, дар ҳайати взвод зидди фашистон ба ҷанг даромад. Дар ин муҳориба фарзанди далери тоҷик 12 нафар фашист ва расчёт душманро якҷоя бо пу­лемёташ нест кард. Назаров ҳангоми иҷрои супориши навбатӣ сахт ярадор шуд. Баъди аз фронт ҷавоб шудан ба зодгоҳаш баргашта, то охири умр дар хоҷагии қишлоқ кор кард. Бо ордени Ленин ва медалҳо мукофотонида шудааст.

Ад.: Овеянные славой, соли I960; УЗСЭ,

ҷ. 7, саҳ. 517—18.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …