Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Назаров Саидҷон

Назаров Саидҷон

Назаров Саидҷон (1902, деҳаи Офтоблиқи райони Кӯлоб — 11.07.1944, Кӯлоб), иштирокчии фаъоли сохтмонӣ сотсиалистӣ дар Тоҷикистон, муборизи зидди босмачигарӣ. Аз оилаи деҳқони камбағал. Аъзои КПСС аз соли 1928. Аз бачагӣ шогирди оҳангар шуда кор кард. Соли 1919 Назаров ба отрядҳои револютсионӣ ҳамроҳ шуда, баъди ғалабаи Рев. Бухоро дар гарнизони Армияи Сурх дар Тирмиз хизмат кард ва барои озод кардани Бухорои Шарқӣ фаъолона иштирок намуд. 15 марти 1921 дар Кӯлоб комитети револютсионӣ ташкил карда шуд ва Назаров раиси он интихоб гардид. Назаров то охири 1924 коркуни ЧК-и Тирмиз, сонӣ сардори милитсияи вилояти Кӯлоб, командири отрядҳои ихтиёрӣ буд. Соли 1928 ҷониши­ни раиси Совети иттифоқҳои каса- баи РСС Тоҷикистон, аз май то сентябри 1930 комиссари халқии зироати РСС Тоҷикистон.

Аз сентябри 1930 то 1931 котиби масъули Комитети партиявии    pайони Шаҳринав, аз соли 1931 раиси Комиқроия ва котиби масъули Комитети парти­явии pайони Муминобод. Минбаъд мудири идораи «Восток-заготзерпо» ва дигар вазифаҳои роҳбарикунанда буд. Солҳои 1941—1944 раиси Комиҷроияи шаҳри Кӯлоб. Аъзои КМ ПК (б) Тоҷикистон. Аъзои КИМ-и РСС Тоҷикистон (даъватҳои 2—4). Бо ордени Байрақи Сурх, ордени Байрақи Сурхи Меҳнат мукофотонида шудаст. Яке аз кӯчаҳои шаҳри Кӯ­лоб, совхоз, мактаб, инчунин яке аз кучаҳои pайони Восеъ мавсум ба Назаров аст. Дар зодгоҳаш,    колхози «Ленин­град» pайони Кӯлоб, ба ӯ ҳайкал гузошта шудааст.     (1902, деҳаи Офтоблиқи райони Кӯлоб — 11.07.1944, Кӯлоб), иштирокчии фаъоли сохтмонӣ сотсиалистӣ дар Тоҷикистон, мубо- ризи зидди босмачигарӣ. Аз оилаи деҳқони камбағал. Аъзои КПСС аз соли 1928. Аз бачагӣ шогирди оҳангар шуда кор кард.

Соли 1919 Назаров ба отряд- ҳои револютсионӣ ҳамроҳ шуда, баъди ғалабаи Рев. Бухоро дар гарнизони Армияи Сурх дар Тирмиз хизмат кард ва барои озод кардани Бухорои Шарқӣ фаъолона иштирок намуд. 15 марти 1921 дар Кӯлоб комитети револютсионӣ ташкил карда шуд ва Назаров раиси он интихоб гардид. Назаров то охири 1924 коркуни ЧК-и Тирмиз, сонӣ сардори милитсияи вилояти Кӯлоб, командири отрядҳои ихтиёрӣ буд. Соли 1928 ҷониши­ни раиси Совети иттифоқҳои каса- баи РСС Тоҷикистон, аз май то сентябри 1930 комиссари халқии зироати РСС Тоҷикистон. Аз сентябри 1930 то 1931 котиби масъули Комитети партиявии    pайони Шаҳринав, аз соли 1931 раиси Комиқроия ва котиби масъули Комитети парти­явии pайони Муминобод. Минбаъд мудири идораи «Восток-заготзерпо» ва дигар вазифаҳои роҳбарикунанда буд. Солҳои 1941—1944 раиси Комиҷроияи шаҳри Кӯлоб. Аъзои КМ ПК (б) Тоҷикистон. Аъзои КИМ-и РСС Тоҷикистон (даъватҳои 2—4). Бо ордени Байрақи Сурх, ордени Байрақи Сурхи Меҳнат мукофотонида шудаст. Яке аз кӯчаҳои шаҳри Кӯ­лоб, совхоз, мактаб, инчунин яке аз кучаҳои pайони Восеъ мавсум ба Назаров аст. Дар зодгоҳаш,    колхози «Ленин­град» pайони Кӯлоб, ба ӯ ҳайкал гузошта шудааст.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …