Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Назаров Ҳақназар

Назаров Ҳақназар

Назаров Ҳақназар (таваллуд 20.04.1931, деҳаи Сангвори pайони Комсомолободи РСС Тоҷикистон) муаррихи советии тоҷик, доктори илмҳои таърих (1979). Аз оилаи хизматчӣ. Аъзои КПСС аз соли 1957. Соли 1953 факултети таъриху филологияи УДТ- ро хатм кард. Солҳои 1953—1954 муалли- ми Институти давлатии педагогии Кӯлоб,  1955—1958 аспиран­та УДТ, 1958-1963 ходими калони илми, мудири сектори Шӯъбаи шарқшиносӣ ва мероси адабии АФ РСС Тоҷикистон, 1963—1981 до­тсенти кафедраи таърихи нав ва навтарини УДТ, аэ дек. 1981 мудири шуъбаи Ин-ти шартсшиносни АФ РСС Тоҷикистон.

Тадқиқоти Назаров ба ҳалли масъалаҳои гуногуни таърихи халқӣ тоҷик ва халқҳои Афғонистон, аз ҷумла равобити халқҳои аморати Бухоро ва Афғонистон, муборизаи онҳо дар роҳи озодӣ ва истиқлолияти, ташаккули ақоиди озодихоҳ ва маърифатпарварии мардуми ин кишвар дар oxири асри 19 аввали асри 20 бахшида шудааст. Назаров муаллифи бештар аз 50 асару мақолаҳои илмист. Ӯ яке аз муаллифони китоби  дарсии «Таърихи наву навтарини мамлакатҳои Шарқи Миёна» (Д., 1973) мебошад.

Назаров Аълочии маорифи халқи РСС Тоҷикистон (1970) буда, бо нишони сарисинагии мактабҳои олии ИТТИҲОДИ ШӮЪРАВӢ «Ба­рои комёбиҳои баланди меҳнатӣ» мукофотонида шудааст.

Ас.: Равобити Бухоро ва Афғонистон аз барпо шудани давлати Дуррониҳо то ғалтидани аморати Бухоро, Д., 1063: К характеристике народных движений кон­тса XIX в. в Афганистане, Д., 1968; Из истории движений народных масс Афга­нистана в начало XX в.. Д., 1969; Народ­ные и просветителско-антифеодалные движения в Афганистане (конетс XIX — нач. XX веков), Д., 1976.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …