Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Назаров Ҳабибулло

Назаров Ҳабибулло

Назаров Ҳабибулло (15.08.1907, деҳаи Тӯдаи райони Ҳисор — 25.01.1978, Душанбе), нависандаи советии тоҷик.

Аз оилаи деҳқони камбағал. Аъзои КПСС аз соли 1939. Дар курси маҳви бесаводӣ хондааст. Солҳои 1927—1929 ра­иси Иттиҳодияи камбағалон ва ко- тиби совети қишлоқ буд. Кур­си дусолаи ҳуқуқшиносии Душанбе (1931—1932), Академияи умумииттифоқии ҳуқуқ (1938—1941) ва Иниверсити ҳуқуқшиносии Москваро хатм намудааст (1950). Дар вазифаҳои судяи халқӣ (1933—1938), аъзои Суди Олии РСС Точикистон (1941—45), муовини вазири адлия (1945—1952), вазири адлияи РСС Тоҷикистон (1952—59), раиси Суди Олии республика (1959—1962) кор кардааст. Фаъолияти адабиаш аз шеърнависӣ cap шудааст. Шеърҳои ҳаҷвиаш ибтидои солҳои 50 дар матбуоти то­ҷик чоп шудаанд. Муаллифи маҷм. шеърҳои «Барои сулҳ» (1956), «Қалами озод» (1960, ба забони русӣ), «Саодати абадӣ» (1962) мебошад. Дар повести «Дар ҷустуҷуи Карим- девона» (1958; тарҷумаи русӣ 1959) аз ҳаёти шоири халқӣ Карим-девона ҳикоят кардааст. Асари мазкур ба 28 забони халқҳои ИТТИҲОДИ ШӮЪРАВӢ ва хориҷӣ тарҷума шудааст. Повестҳои «Юлдош Командир» (1964), «Ало ва Тарғел» (1965), «Мирзо Ризо» (1970), «Саргузашти Сафар Махсум» (бо ҳамкории Ҷ. Икромӣ, 1971), романи «Баландии 114» (1977) лаҳзаҳои ҷудогонаи ҳаёти халқи тоҷикро инъи- кос менамоянд. Муаллифи сенарияи филмҳои «Ҳабиб — ромкунандаи морҳо» (1973, бо ҳамкории Г. Максименко), «Муҳосираи Душанбе» (1975, бо ҳамкории Р. Булгаков), песаи «Мирзо Ризо» (1973). Аз соли 1958 узви ИН ИТТИҲОДИ ШӮЪРАВӢ. Депутати Совети Олии РСС Тоҷикистон (даъвати 4). Бо орде­ни Байрақи Сурхи Меҳнат, 2 ордени «Нишони Фахрӣ», ордени Дӯстии Халқҳо, медалҳо ва Грамотаҳои Фахрии Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …