Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Назаров Аширмат

Назаров Аширмат

Назаров Аширмат (Ашурмат; 05.0 3. 1913, pайони Нови вилояти Ленинобод — 1965, pайони Нов), шоири ӯзбекзабони Тоҷикистон. Аъзои КПСС аз  соли 1942. Дорулмуаллимини Самарқандро ба итмом расонида (1932),

дар сафи Армияи Сурх хизмат кардааст. Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ. Пас аз адои хизмати ҳарбӣ — мудири шӯъбаи адабиёт ва санъати г. «Совет То- ҷикистони». Дар ашъораш зебоиҳои сарзамини Тоҷикистон, мардуми меҳ- натқарини он ва музаффариятҳои  советиро васф намудааст. Аз ибтидои солҳои 30 асарҳояш дар матбуот шудаанд. Аввалин маҷмӯи шеърҳояҳ «Ҳосилот» (1934), пас аз он достони бачагонааш «Фарзанди замон» (1935) ва маҷм. «Кишвари шукуфон» аз чоп баромаданд. Ҷисми зиёди ашъори Назаровро васфи Армиям Советӣ ташкил медиҳад. Достони воқеии «Дар соҳили Кофарниҳон» (1947) аз ҳаёти осоишта ва меҳнати эҷодкоронаи пахтакорони тоҷик ҳикоят мекунад. Шеърҳои ӯ дар васфи республика ва сулҳу амният дар маҷм. «Чароғон» ва «Дӯстӣ» (1950) фароҳам омадаанд. Силсилаи шеъру достонҳои дар солҳои охир офаридаи шоир дар меҷ. «Достонҳо» (1958), «Қаротегин» (1960), «Кӯҳҳо ва боғҳо» (1963), «Роҳҳо ва кишварҳо» (1963), «Сурудҳои 30 сол» (1965) нашр ёфтаанд. Маҷм. шеърҳояш зери унвони «Хӯ- шаҳои ангур» (1964) ва маҷм. очеркҳои «Муҳориба дар соҳил» (1965) дар Ӯзбекистан чоп шудаанд. Бисёр шеърҳои шоирони тоҷикро ба забони ӯзбеки тарҷума кардааст.

Аз соли 1934 узви ИН ИТТИҲОДИ ШӮЪРАВӢ.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …