Маълумоти охирин
Главная / Биология / Назарияи сохти ҳуҷайравии организмҳо

Назарияи сохти ҳуҷайравии организмҳо

Назарияи сохти ҳуҷайравии организмҳо, назарияест дар бораи умумияти пайдоиши организмҳои зиёда ва ягонагии принсипҳои сохту инкишофи онҳо. Ба ақидаи Ф. Энгелс Назария яке аз ҷамъбастҳои му-

ҳими биологист, ки боиси тараққиёти табиатшиносӣ дар асри 19 гардидааст. Мувофиқи Назария унсури асосии растанӣ ва ҳайвонот ҳуҷайра мебо­шад. Ҳамаи организмҳои зинда дорои хусусияти ягонагӣ ва инкишофи эволютсионианд.

Сохти ҳуҷайравии растаниҳоро бо ёрии микроскоп ҳанӯз дар нимаи дуюми асри 17 табиатшиноси англис Р. Гук мушоҳида карда буд. Охори асри 18 дар зери таъсири ғояҳои фалсафи дар илм фикре оид ба ягонагии табиати зинда ба миён омад. Ба туфайли ин барои аниқ кардани умумияти сохти растанӣ ва ҳайвонот кӯшишҳои аввалин гузаронида шуд. (К. Ф. Волф, Л. Окен); ин кушишҳо минбаъд барои ба вуҷуд омадани Назария замина гузоштанд. Аввали асри 19 ривоҷу равнақи микроскопия барои омӯхтани сохти ҳуҷайра имконият дод. Аниқ карда шуд, ки ҳуҷайра ин структураест, ки ҷилди худро дорад. Ба замми он ҷилд қисми асосии ҳуҷайра буда, унсурҳои боқимонда қисми ғайриасосианд. Дар ҳуҷайраи растанӣ мавҷуд будани ядроро Р. Броун (1831) баён намуд. Минбаъд М. Шлейден ба ядро диққат дода, онро ситобласт — бавуҷудоварандаи ҳуҷайра номид. Аввалҳои чоряки дуюми асри 19 ба туфайли тадқиқоти биологи чех Я. Пуркине оид ба сох­ти микроскопии бофтаҳои ҳайвонот маълумоти бисёре ҷамъ оварда шуд.

Дар ҷамъбаст намудани ҳамаи ин маълумот хизмати олими немис Т. Шванн хеле калон аст. Ӯ тадқиқоти М. Шлейденро омӯхта, дар ядро як қатор критерияҳоеро мушоҳида на­муд, ки ба воситаи онҳо структураи бофтаи ҳайвонот ва ҳуҷайраи рас­таниҳоро муқоиса кардан мумкин аст. Минбаъд Назария ба организмҳои якҳуҷайравӣ (соддатаринҳо), ки чун организмҳои озод ҳаёт гузаронанда шинохта шуданд, татбиқ гардид (К. Зиболд, 1848). Ривоҷу равнақи минбаъдаи Назария ба кашфи протоплазма ва тақсимшавии ҳуҷайра алоқа до­рад.

Соли 1858 И. Р. Верхов ба мақоми ҳалкунанда доштани ядро дар ҳуҷайра аҳамият дод ва принсипи бо роҳи тақсимшавӣ ҳосил шудани ҳуҷайраро баён намуд. Солҳои 70—80 бошад, митоз — усули универсалии тақсимшавии ҳуҷайра кашф шуд. Охири асри 19 органоидҳои ҳуҷайра тадқиқ шуд ва дар ҳуҷайраҳои растеанию ҳайвонот мақоми калон дошта­ни онҳо исбот гардид.

Назарияи ҳозира ба сохти ҳуҷайравӣ доштани организмҳои бисёрҳуҷайра ва як ҷисми том будани онҳо асос ёфтааст. Организм то чи андоза мураккабтар бошад, ҷисми том буда­ни он ҳамон қалар зиёдтар зоҳир мегардад. Як ҷисми том будани ҳай­вонот тавассути системаҳои асаб ва гуморалӣ ва растаниҳо бошад, тавассути алоқаи ситоплазмавии ҳуҷайра татбиқ мегардад.

Ад.: Вермел Е. М., История уче­ния о клетке. М., 1970.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …