Маълумоти охирин
Главная / Илм / Назарияи сохти химияви

Назарияи сохти химияви

Назарияи сохти химияви, назарияест дар бораи сохти пайваст- ҳои органики, тартиби ҷойгиршавии атомҳо ва бандҳои химиявӣ дар мо­лекула, таъсири (мутақобили атомҳо, инчунин алоқаи сохт ва хосияти фи- зикию химиявии моддаҳо.

Принсипҳои асосии Назарияи сохти химиявиро аввалин маротиба (1861) А. М. Бут­леров баён кардааст. Ба кашф шудани Назарияи сохти химия мафҳумҳои атому моле­кула (I860), чорвалента будани карбон, ки аз тарафи Ф. А. Кеокуле ва А. С. Купер гуфта шуда буд (1857— 1858) асос гардид. Нуқтаҳои асосии Назарияи сохти химияви чунинанд: а) дар молекулаҳои моддаҳои органики атомҳо ба тарти­би муайян дар асоси валенташон ба ҳам пайваст мешаванд, ки ин сохти химиявии молекуларо муайян менамояд; б) хосияти физикӣ ва химия­вии пайвастҳои органики ҳам ба табиату адади атомҳои ба таркиби онҳо дохилшаванда ва ҳам ба сохти химиявии молекула вобаста аст; в) барои ҳар як формулаи эмпирӣ ада­ди муайяни аз ҷиҳати назариявӣ имконпазири формулаи структурӣ (изомерҳо) тартиб додан мумкии аст; г) ҳар як пайвасти органикӣ як формулаи сохти химиявӣ дорад, ки он дар бораи хосиятҳои пайвасти мазкур маълумот медиҳад; д) дар молекулаҳо таъсири мутақобили атом­ҳо (чи атомҳои ба ҳам пайваст ва чи атомҳои аз ҳам ҷудо) мавҷуд аст. Назарияи сохти химияви барои фаҳмидани ҳодисаи изомерия, ки дар он давра барои хи­мия мафҳум буд, имкон дод. Пешгӯии Бутлеров (1863) оид ба имконпазирии муайян намудани ҷойгиршавии фазоии атомҳо дар молекула исбот гашт. Соли 1874 Я. Вант-Гофф ва новобаста аз ӯ химики франсавӣ Ж. Лё Бел ғояи ориентасия и аниқи фа­зоӣ доштан ва ба қуллаҳои тетра­эдр кашида шудани чор валенти карбонро, ки атоми он дар марказ воқеъ гаштааст, баён карданд. Минбаъд ин фикр асосӣ нави химияи органики — стереохимия гардид ва барои фаҳмидани изомерияи геометрӣ, оптикӣ, таутомерия имкон дод. Бутлеров дурустии назарияи худро дар зимни синтез кардани як қатор моддаҳои органикӣ исбот намуд. Назарияи сохти химияви дар синтези пайвастҳои органи­ки ва тартиб додани сохти моддаҳои маълум қудрати баланди пешгӯи кардан дошт. Бинобар ин ҳам Назарияи сохти химияви дар тараққиёти пуравҷи илми хи­мия, аз ҷумла химияи органикии синтези ва саноати химиявӣ мавқеъ пайдо кард. Ғояҳои асосии Назарияи сохти химиявӣ ҳангоми бо усулҳои химиявӣ, физикӣ ва математикӣ омӯхтани пайвастҳои органикӣ исбот гаштанд. Дар Назарияи сохти химияви таълимоти таъсири мутақбоили атомҳо дар молекулаи пайвастҳои органики аҳамияти муҳим дорад. Назарияи Бутлеров ба номенклатура ва системабандии пайвастҳои орга­ники асос шуд; истифодаи формулаи структурии он ҳам барои муайян кардани роҳҳои синтези моддаҳои нав ва ҳам дар тартиб додани сохти пайвастҳои мураккаб (аз ҷумла табиӣ) ёрӣ мерасонад.

Ад.: Бутлеров А. М., Соч., г. 1—3, М., 1953—1958; Марковников В. В., Избр. тр., М., 1955; Столетие теории хи­мического строения, Сб. статей. М., 1961; Жданов Ю. А., Теория строения орга­нических соединений, М., 1971; Татевс к и й В. М., Классическая теория стрем­ления молекул и квантовая механика, М., 1973.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …