Маълумоти охирин
Главная / Илм / Назарияи навъҳо дар хи­мия

Назарияи навъҳо дар хи­мия

Назарияи навъҳо  дар хи­мия, назарияест, ки пайвастҳои хи- миявиро маҳсули дар пайвастҳои «маъмул»-и камшумор ивазшавии як элемент (радикал) бо элементи (радикали) дигар мешуморад. Ин назарияро согҳои 1839—1840 химики франсавӣ Ж. Б. Дюма пешниҳод кардааст. Соли 1853 химики дигари франсави Ш. Жерар «Назарияи навъҳои нав»-ро кор карда баромад. Мувофиқи Назарияи навъҳои Жерар пайвастҳои мураккаби органики аз 4 навъи асосии моддаҳо ҳосил карда мешаванд:

Дар ин формулаҳо атомҳои гидрогенро бо дигар атом (радикал)-ҳо иваз карда ҳамаи моддаҳое, ки дар миёнаи асри 19 маълум буданд, ҳосил кар­дан мумкин буд. Назарияи навъҳо барои тараққиёти химияи органики ва тасни- фоти пайвастҳои органики ёри расонд. Вале ғояи асосии он — дар якчанд формулаи пайвастҳои соддаи ғайриорганикӣ ҷойгир кардани пай­вастҳои карбон ғалат буд. Ғайр аз он формулаҳои Назарияи навъҳо сохти ҳақиқии пайвастҳоро нишон дода наметавонист. Бинобар ин Назарияи навъҳо аҳамияти худро торафт гум карда, солҳои 60 асри гузашта ҷои онро назарияи сох­ти химиявӣ, ки А. М. Бутлеров пешниҳод намуд, ишғол кард.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …