Маълумоти охирин
Главная / Илм / Назарияи мошин ва механизмҳо (НММ)

Назарияи мошин ва механизмҳо (НММ)

Назарияи мошин ва механизмҳо (НММ) илмест дар бораи методҳои умумии тадқиқу лоиҳакашии мошин ва механизмҳо. НММ-ро шартан ба ду қисм: назарияи механизмҳо ва назарияи мошинҳо ҷудо мекунанд. Фаслҳои асосии НММ-ро синтези механизмҳо, динамикаи мо­шин ва механизмҳо ва назарияи мошин-автоматҳо ташкил медиханд.

Дар фасли синтези меха­низмҳо схемаи оптималии механизм ва параметрҳои ин схема, ки иҷрои ҳаракатҳои матлубро таъмин мекунанд, муайян карда мешавад. Дар фасли динамикаи мошин ва механизмҳо ҳаракати эвеноҳои ҷудогонаи механиамҳоро таҳти таъсири қувваҳои беруна тадқиқ мекунанд. Дар фасли сеюм усулҳои мувофиқи шароити кори механизмҳои ҷудогона сохтани схемаҳои мошин-автоматҳо ва ноил шудан ба маҳсулноки, саҳеҳӣ ва боэътимодии кори онҳо тадқиқ мешаванд. Асосгу- зорони НММ дар Россия Л. В. Ассур, П. Л. Чебишев, А. П. Котелни­ков, В. В. Доброволский, Н. Е. Жу­ковский, Н. И. Мертсалов ва дигарон ме­бошанд. Дар инкишофи НММ саҳми олимони советӣ И. И. Артоболевс­кий, В. А. Гавриленко, Н. И. Колчин ва ғайра бузург аст. Дар ИТТИҲОДИ ШӮЪРАВӢ, ШMA, РДГ, РСР, РСЧС ва РФГ баъди ҳар 2—3 сол доир ба проблемаҳои ин илм конференсияҳои миллӣ гузаронда мешаванд. Доир ба НММ соли 1969 як ташкилоти бонуфузи байналхалқӣ таъсис карда шуд. Дар мактабҳои олии педагоги ва техникии То- ҷикистон НММ таълим дода меша­вад. Олимони Институти политехникии Тоҷикистон ба тадқиқи кинематика ва динамикаи механизмҳои мошинҳои пахтатозакунӣ ва бофандагӣ (аз ҷиҳати беҳтар намудани сифати маҳсулоти ин молинҳо), оптималонии хатҳои пай дар пай заводҳои пахта (аз ҷиҳати баланд кардани боэътимодии кори онҳо) мутахассисони Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон ба омӯзиши кори редукторҳои сайёравии мошинҳои хоҷагии қишлоқ машғуланд.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …