Маълумоти охирин
Главная / Илм / Назарияи маърифат

Назарияи маърифат

Назарияи маърифат гносе­ология, эпистемология, яке аз фаслҳои фалсафа буда масъалаҳои бунёди маърифат ва имкониятҳои он, таносуби дониш ва воқеиятро омӯхта, заминаҳои умумии маърифатро тадқиқ мекунад.

Дар фалсафаи дунёи қадим масъалаи асосии Назарияи маърифат масъалаи таносуби донишу тахмин ва ҳақиқату иштибоҳ буд. Зимнан дониш бо мавзӯи худ алоқаманд дониста мешуд. Масалан, агар Афлотун олами ғояҳоро мавзӯъ ва ҳомили дониш донад, материалистони қадим табиатро мавзӯи маърифат медонистанд. Фалсафаи атиқа донишро ҳамчун нусхаи махсуси ашё таъбир мекард. Дар натиҷаи чунин таъбир мақоми фаъоли субъект дар ҷараёни маърифат аз мадди назар меафтид.

Дар асрҳои миёна масъалаҳои Назарияи маърифат дар асарҳои Форобӣ, Ибни Сино, Ибни Рушд, Насируддини Тӯсӣ ва дигарон мавриди баҳс қарор гирифта буданд. Вале дар таълимоти онҳо Назарияи маърифат ҳамчун фасли алоҳидаи фалсафа сурат нагирифта буд. Масъалаҳои Назарияи маърифат дар доираи илмҳои мантиқ, табииёт ва илоҳиёт тадқиқ мешуданд. Дар таълимоти фалсафии мутафаккирони Шарқ масъалаи маърифати ҳадсӣ (интуитивӣ) бештар мавзӯи таҳлил қарор гирифтааст. «Андарёфтан ба ламс—навиштааст Ибни Сино,— зоҳир аст. Ва ба бисудан бувад ва гармӣ ва сардӣ ва тарӣ ва хуш- кӣ ва сахтӣ ва нармӣ ва дуруштӣ ва нағзӣ ва гаронӣ ва сабукӣ донад» (Ос. мунт., ҷ. 1, Д., 1980, с. 126). Ба ақидаи Ибни Сино маърифат «иборат аз он аст, ки идроккунанда сурати идорашавандаро ба наҳве аз наҳвҳо бигирад». Назарияи маърифат Ибни Синоро ҳамчун назарияи инъикос таъбир кардан мумкин аст, ки он маънии материалистӣ дошта, ба назарияи та­заккури Афлотун ва  идеализми субъективии инодия муқобил аст.

Дар таълимоти Ибни Рушд маъри­фат донистани сабаби ашё ва ҳоди- саҳост. Дар масъалаи Назарияи маърифат Ибни Рушд пайрави назарияи инъикос бу­да, ба материализм моил аст. Ӯ исбот кардааст, ки лафзҳои куллӣ натиҷаи инъикоси хосиятҳои муштараки ашёву ҳодисот дар зеҳн ва ақл мебошад. Ибни Рушд дар зимни мубоҳиса бо Муҳаммади Ғазолӣ таъли­моти фалсафаи машшоъро дар бораи маърифати ҳиссию ақлӣ низ тараққӣ ва вусъат додааст. Ба ақидаи ӯ маъ­рифати ҳиссӣ натиҷаи дар узвҳои ҳис мутамассил (инъикос) шудани сурати ашёи фард буда, маърифати ақлӣ дарки моҳияти онҳост. Бар хилофи ин мутафаккирон Муҳаммади Ғазолӣ лафзҳои куллиро мафҳумҳои сирф ақли пиндошта, ақидаи мутакаллимон ва исломи расмиро доир ба Назарияи маърифат вусъат додааст. Ба ақидаи Faзолӣ машҳур ва мақбули умум будани ғояи офариниши олам далели ҳаққонияти назарияи офариниш аст. Ӯ даъво мекард, ки имкон доштани ҳастии абадӣ ҳаргиз барои қадимии олам далел шуда наметавонад, зеро «имконият» мафҳуми сирф ақлист. Илова бар ин Ғазолӣ оламро маърифатнопазир медонист. Таълимоти ашъария ва калом ба Назарияи маърифат. Ғазолӣ қаробат дошт. Тасаввуф ба маъри­фат тобиши ирфонӣ дода, маърифати хақиқати аввал (худо)-ро ба маркази таълимоти худ гузошт. Дар тасаввуф маърифати ҳадсӣ ба мақоми ба­ланд расида, маърифатпазирии мантиқию ратсионалии олам бошад мав­риди инкор қарор мегирад.

Дар фалсафаи асрҳои миёнаи Ев­ропаи Ғарбӣ Назарияи маърифат ва фалсафа умуман таҳти зулми калисо қарор ги­рифта, рӯҳияи мударрисӣ (схоластӣ) дошт. Дар ақоиди файласуфони давраи Эҳё (охири асрҳои 15—16) ва файласуфони буржуазӣ, хусусан файласуфони асри 17 Англияю Франсия та- моюлоти нав инкишоф ёфт. Намояндагони афкори пешқадами давраи Эҳё (Николаи Кузанӣ, Леонардо» да- Винчи, Б. Телезио, Г. Галилей) мате­матика, механика, мубориза бар зидди таълимотҳои ирфонӣ, робитаи масъалаҳои назариро ба талаботи амалия дар мадди аввал мегузоштанд.

Дар асри 17 вобаста ба инкишофи прогрессивии қувваҳои истеҳсолку- нанда зарурати эҷоди методи нав — методи маърифати табиат ба миён омад. Ҳалли ин масъала боиси тадқиқи методи индуксия ва дедуксия гардид. Методи индуктивии маърифатро Ф. Бэкон эҷод карда, онро то дараҷаи методи фалсафӣ бардошт ва ба эмпиризми материалистӣ асосгузошт. Р. Декарт ратсионализмро ба схоластика муқобил гузошта, методи дедуктивиро пеш мегирад. Аммо Де­карт ҳамчун дуалист таълимоти идеалистии идеяҳои фитриро пешниҳод кард. Таълимоти идеяҳои фитриро файласуфи франсавӣ П. Гассенди ва файласуфони англис Т. Гоббс ва Ҷ.  Локк танқид карданд. Ҷ.  Локк Назарияи маърифат сенсуалистиро тадқиқ намуд. Фалсафаи сенсуалистии Локк эҳсо- сотро манбаи дониш медонад. «Эҳсосҳоро ба асос гирифта, ҳам бо роҳи субъективизм, ки ба солипсизм оварда мерасонад («ҷисмҳо комплекс ё комбинатсия» эҳсосҳо мебошанд»), рафтан мумкин аст, ҳам бо роҳи объ­ективизм, ки ба материализм оварда мерасонад (эҳсосаҳо сурати ҷисмҳо, сурати олами беруна мебошанд), рафтан мумкин аст» (Ленин В. И., Ас., ҷ. 14, с. 137). Роҳи якумро файласуфони англис ТС. Беркли, Д. Юм ва дигар намояндагони идеализми субъективӣ пеш гирифтаанд. Роҳи дуюмро дар Назарияи маърифат файласуфони асри 18-и Франсия Э .Кондиляк, К. Гелветсий, Д. Дидро ва дигарон идома доданд. Ба ақидаи онҳо воқеияти объективи дар эҳсосот акс шудааст. Вале Назарияи маърифати ин мутафаккирон муроқибавӣ буд (онҳо мақоми амалияи ҷамиятию таърихиро дар маърифат наме- фаҳмиданд).

Фалсафаи классикии немис масъалаҳои Назарияи маърифатро бо тадқиқи инкишофи таърихии шаклҳои амалию маърифатии фаъолият мепайваст. И. Кант табиати гносеологии дониши назариявиро таҳқиқ карда, барои муқаррар кардани асосҳои фалсафии илм кушидааст. Мувофиқи Назарияи маърифати И. Кант таҷриба ибтидои дониш аст, лекин дониш аз таҷриба пайдо намешавад. Ӯ зуҳурро ба моният муқобил гузошта, дар бораи маърифатнопазирии «чизи дар худ» хулоса баровард. Faйp аз ин Кант гносеологияро аз онтология, ҷудо карда, «Назарияи маърифати холис»-ро офариданӣ буд. Дар фалса­фаи томарксистӣ масъалаи робитаи онтология ва гносеологияро аввалин бор Г. Гегел нисбатан пурратар ҳал кардааст. Г. Гегел просесси инкишофи таърихро ҳамчун худинкишоф, худмаърифати рӯҳи мутлақ медонист. Аммо дар таълимоти ирфонии Гегел оид ба ҷараёни маърифат фикрҳои амиқи диалектикӣ ҷой доштанд. Ӯ маърифатпазирии оламро қоил аст. Гегел дар заминаи объективию идеалистӣ приниипи мутоби- қати диалектика, мантиқ ва Назарияи маърифатро ифода намуд.

Ибтидои асри 20 дар фалсафаи буржуазӣ ирратсионализм ва интуитивизм (А. Бергсон) васеъ интишор ёфтанд. Прагматизми У. Ҷемс ҳақиқати объективиро инкор карда, танҳо чизи барои мақсадҳои амалӣ муфидро ҳақ медонист. Қараёнҳои сершумори фал­сафаи буржуазии муосир (позитивизми мантиқӣ, неопозитивизму фал­сафаи таҳлилӣ ва ғайра) Назарияи маърифати пешина ва умуман мероси фалсафаи классикиро номаъқул мешуморанд. Мувофиқи позитавизми мантиқӣ масъалаҳои Назарияи маърифат (муносибати субъект ба объект, табиати воқеият ва ғайра) масъалаҳои сохтаанд. Инструментализм (Ҷ. Дюи) ва экзистенсиализм низ гносеологияи классикиро танқид мекунанд.

Назарияи маърифати фалсафаи марксистӣ-л е н и н ӣ. Мувофиқи фалсафаи марксистию ленинӣ маърифат про­сесси диалектикии инъикоси ашё

ва падидаҳои олами воқеӣ, робита ва муносибати қонунии онҳо дар зами­нам амалияи ҷамъиятию таърихии инсоният аст. Нуқтаҳои асосии Назарияи маърифати марксистиро В. И. Ленин чунин ифода намудааст: «1) Чизҳо новобаста ба шуури мо, новобаста ба эҳсоси мо, берун аз мо вуҷуд доранд… 2) Дар байни ҳодиса ва чизи дар худ ҳеҷ як фарқи принсипие нест ва намета- вонад бошад. Фақат дар байни чизи донисташуда ва чизи ҳанӯз дониста- нашуда фарқ аст… 3) Дар назарияи маърифат ҳам мисли ҳамаи соҳаҳои дигари илм, ба тарзи диалектики муҳокима рондан лозим аст, яъне дониши моро дониши тайёр ва бетағйире гумон накарда, балки санҷида баромадан лозим аст, ки чӣ зайл аз н а донистан дониш ба зуҳур меояд, чӣ зайл ин дониши нопурраи носаҳеҳ пурратар ва саҳеҳтар мегардад» (Ас., ҷ. 14, с. 108—109). Назарияи маърифати материализми диалектикӣ пайваста бо диалектика ва мантиқ инкишоф меёбад. Материализми диалектики, ки илм дар бораи қонунҳои умумии ҳам ҳаракати олами берунӣ ва ҳам тафаккури инсон аст, ҳамчун таълимоти фалсафӣ оид ба маърифат, чун мантиқ ва Назарияи маърифати марксизм амал менамояд. Назарияи маърифати марксисти бар хилофи гносеологияи гузашта, танҳо таълимот дар бораи қонуниятҳои махсуси маърифат набуда, инчунин натиҷа, ҷамъбаст, хулосаи Назарияи маърифати олам аст. Дар фалсафаи марксистию ленинӣ мавзӯи махсуси гно­сеологии муносибати шуур ва мате­рия, маънавиёту моддиёт, меъёри ҳаққонияти дониш, таносуби ҳиссиёту мантиқиёт, масъалаҳои инъикос, амалия, таърихият ва ғайра дар асоси методи диалектикаи материалисти ва дар робита бо материализми таърихӣ тадқиқ мешаванд.

Ба ақидаи В. И. Ленин табаддулоти револютсионии марксизм дар Назарияи маърифат аз он иборат аст, ки К. Маркс ва Ф. Эн­гелс «ба асоси назарияи маърифати материализм меъёри амалияро дохил мекунанд» (Ас., ҷ. 14, с. 151). Тавассути амалияи ҷамъиятию таърихӣ марксизм аз мавқеи материалистӣ фаъолиятмандии шуурро дар маърифат ва дигаргунсозии воқеият аз назари илмӣ таъбир карда,, ди­алектикаи гузарширо аз зинаи ҳиссӣ ба зинаи ақлии маърифат ошкор сохтанд. Амалия асоси ташаккул ва ин- кишофи маърифат дар ҳама зинаҳои он, манбаи дониш ва меъёри ҳаққо- нияти натиҷаи ҷараёни маърифат аст. Тафаккури назариявӣ аз аб­стракт ба сӯи конкрет инкишоф ёфта, бо принсипи ягонагии мантиқиёту таърихият ва таҳлилу таркиб робитаи ҷудонашаванда дорад. Хусусияти конкретию таърихии маърифат, тағйироти сохти мантиқии онро таянҳо тавассути риояи қатъию пайгиронаи принсипи таърихият дар Назарияи маърифат муайян кардан мумкин аст.

Одам воқеиятро дар шаклҳои гуногун — эмпирики ё маърифати ҳиссӣ ва ақлонӣ ё тафаккури мантиқӣ дарк мекунад. Муроқибаи зинда (эҳсосот, идрок, тасаввурот) шакли ибтидоии маърифат аст. «Аз муроқибаи зинда ба сӯи тафаккури абстрактӣ ва аз тафаккури аб­страктӣ ба сӯи амалия— чунин аст роҳи диалектикии донистани ҳ а қ и қ а т, донистани реалияти объективӣ» (Ленин В. И., Ас., ҷ. 38, с. 170). Маърифати ақлӣ на танҳо нисбат ба маърифати ҳиссӣ маълумоти бойтар медиҳад, балки ба сохту мазмуни он низ таъсир мера­сонад.

Натиҷаи ҷараёни маърифат инъикоси айнии (адекватии)  воқеияти объективӣ буда, ҳамеша мазмуни объективӣ дорад ва ҳақиқати объективиро ташкил  медиҳад. Эътирофи ҳақиқати объективӣ нуқтаи асосии гносеологияи материалистист.

Ҷавҳари Назарияи маърифати материализми диа­лектикӣ принсипи инъикос аст. Инъ­икос мафҳуми асосии гносеологияи марксистист. Назарияи маърифати марксизм ба қавли В. И. Ленин назарияи инъикоси падида, ашё ва просессҳои олами модди дар шуури одам аст. Назарияи маърифати марксистию ленини соҳаи мах­суси дониши фалсафист, ки аз ҳалли масъалаҳои муҳимтарини ҷаҳонбинӣ бар канор буда наметавонад.

Ад.: Энгелс Ф., Анти-Дюринг, Д., 1076; Л е н и н В. И., Материализм ва эм­пириокрититсизм, Ас., ч. 14, ҳ а м о н  м у а л л., дафтарҳои философӣ. Ас., ҷ. 38; Асосҳои фалсафаи марксистӣ-ленинӣ, Д., 1977; Современные проблемы теории по­знания диалектического материализма, т. 1—2, М., 1970; Ленинская теория отраже­ния и современная наука, т. 1—3, София, 1073; К о п н и н П. В., Гносеологические и логические основы науки, М., 1074.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …