Маълумоти охирин
Главная / Илм / Назарияи конвергенсия

Назарияи конвергенсия

Назарияи буржуазиест, ки ғоян тадри- ҷан барҳам хурдани тафовутҳои иқтисодӣ, сиёсию идеологии байни ка­питализму сотсиализм ва дар охир якшавии онҳоро тарғиб  мекунад. Солҳои 50 дар натиҷаи инқилоби илмию техникӣ ва инкишофи ҷамъиятикунонии истеҳсолоти капиталистӣ ба вуҷуд омадааст. Голбрейт, У. Ростоу (ШМА), Я. Тинберген (Нидерланд) ва дигарон намояндагони асосии Назарияи конвергенсия мебошанд. Муносибати тех­нологӣ ба таҳлили системаҳои иҷ- тимоию иқтисодӣ, ки тафовути куллии тарзи истеҳсолоти капиталистӣ ва сотсиалистиро рад мекунад, ха­тои асосии Назарияи конвергенсия аст.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …