Маълумоти охирин
Главная / Илм / Назарияи «коиноти тасфан»

Назарияи «коиноти тасфан»

Назарияи космологиест, ки дар он марҳалаҳои аввалини инкишофи Коиноти том таъбири физики ёфтаанд. Олими белгиягӣ Жорж Леметр натиҷаи мушоҳидаҳои астрономии Эдвин Ҳабблро таҳлилу таркиби фи­зики карда ба хулоса омад, ки Коинот дар гузаштаи дур дар як пола­ти фавқулодда зич буду бо мурури замон ба ҷувбиш омада, сахт таркид ва дар ниҳояти кор ба ҳолати ҳозира расид (олами беист васеъшаванда). Аввалин таҳқиқоти космогонии Леметр мисли корҳои А. А. Фридман ба зудӣ фаромӯш шуд ва фақат пас аз 20 сол аз нав мавриди назар гардид. Физики америкоӣ Г. А. Гамов ба комёбиҳои навини физикаи ядро такя намуда, масъалаи оғози ҷараёни васеъшавии Коинотро аз сари нав таҳқиқ карда баромад. Аслан ӯро проблемаи ташаккули табиӣ ва паҳншавии элементҳои химмивӣ дар кайҳон ба худ ҷалб карда буд.

Шарту шароити физикии барои ташаккули элементҳоӣ вазнин лозимро ҳамаҷиҳата омӯхта, олим ба хулоса омад, ки элементҳои мазкур танҳо дар гузаштаи дур, дар зинаҳои аввалини таҳаввули Коинот, дар сурате ки моддаи кайҳонӣ дар ҳолати бағоят зич ва фавқулода тафсон буд, ба вуҷуд омада метавонистанд. Дар нати- ҷа Г. А. Гамов такомули фарзияи Леметрро раво донист. Бино ба «мо­дели тафсон»-и Гамов, «тухми кайҳонии» Леметр зотан аз анбӯҳи нейт­ронҳои басо ҷафс иборат буд (як сантиметри мураббаи ин нахустмодда млрд-ҳо тонна вазн дошт!). Дар натиҷаи таркиши тухми мазкур бошад, як навъ алангаи бемислу монанде ба вуҷуд омад, ки ҳарораташ ба 3 млрд дараҷа мерасид. Аниқтараш, ин ҳарорати Коинотест, ки синнаш баробари 20 сон аст, яъне сухан дар бораи шароити физикие меравад, ки 20 сон баъд аз «Таркиши Бузург» ба амал омадааст. Агар санаҳои аз ин ҳам барвақттари тараққиёти Коинотро назар афканем, аён мегардад, ки материяи кайҳонӣ дар ҳолатҳои аз ин ҳам гармтар (сӯзонтар) будааст. Бунёди элементҳои химиявӣ айнан дар давоми аввалин 30 дақ. «ҳаёти» Коинот ташаккул ёфтааст: пораҳои тухми ибтидоӣ

нейтронҳои алоҳида дар навбати худ ба электронҳо ва протонҳо ҷудо шудаанд ва сонӣ ин зарраҳо ба нейт­ронҳои боқимонда пайваст шуда, ядроҳои атомҳои ояндаро ба вуҷуд овардаанд.

Модели тафсони Гамов бар хилофи бештарин моделҳои дигари кос­мологӣ абстрактниҳод набуд, балки фарзияи конкретии астрофизикие буд, ки роҳҳои тафтишу санҷиши хулосаҳои худро муқаррар мекард. Чунончи, Гамов пешгӯӣ намуд, ки дар фазои кайҳон боқимондаҳои нахустафканишот ҳанӯз ҳам ҳастанд; ҳамкорони ӯ Алфер ва Герман бошанд, муқаррар намуданд, ки агар осори алангаи ибтидоӣ дар ҳақиқат ҳам ҳанӯз бошад, пас ҳарор. ҳозираи вай аз рӯи шкалаи Келвин ба 5 дараҷа баробар аст. Бо вуҷуди чунин хулосаҳои дақиқу аёни физики, танқиқоти Гамов ва шогирдони ӯ аз доираи эътибори аҳли илм берун монд. Албатта он солҳо (1946—1948) радиоастрономия ҳанӯз дар гаҳвора буд ва таҷҳизоти ҳассосу дақиққорӣ қайдгире надошт, ки ин қадар афка- нишоти сустро ошкор карда тавонад. ‘

Аз ин рӯ ҳам физикҳо паи барсохтани нақшаҳои нави «азал» кӯшиданд. Чунончи, акад. Я. Б. Зел­дович ба ном «модели хунук»-ро пешниҳод намуд, ки мувофиқи он плазмаи ибтидоӣ, ё агар образнок карда гӯем, атолаи зарраҳои нахустини олам аз омехтан протонҳо, нейтронҳо ва нейтриноҳои хунук иборат буд. Се сол пас (1964) И. Д. Новиков ва А. Г. Дорошкевич ду мо­дели имконпазири «азал»—модели тафсон ва модели хунукро ба ҳам муқоиса намуда, роҳи санҷиши амалии онҳоро муқаррар карданд. Спектри афканишоти ситораҳо ва манбаъҳои кайҳониро омӯхта, олимон ба хулоса омаданд, ки андозагирии аст­рофизики дар диапазони кутоҳи радиомавҷҳо (дар фосилаи аз 0,06 см кашида то 30 см) гиреҳи масъаларо хоҳад кушод: агар боқимондаҳои аф­канишоти аввала, яъне шуоъҳои гармие, ки плазмаи зарраҳои нахустин аз худ бароварда буд, кашф кар­да шаванд, пас модели тафсон дуруст аст ва агар онҳо ёфта нашаванд, ин аломати дурустии модели хунук мебуд.

Дар айни замон як гурӯҳ мутахассисони америкоӣ дар Принстон бо роҳбарии физики маъруф Роберт Дикке, бехабар аз таҳқиқоти пешинаи Гамов, Алфер ва Герман, аз са­ри нав модели тафсони «азал»-ро пешниҳод намуданд. Аслан онҳо рафтори модели «лаппанда» (васеъу фишурдашаванда)-ро тадқиқ мекарданд ва донистан мехостанд, ки дар мавриди мазкур Коинот аз як ҳолат ба ҳолати дигар чӣ хел мегузарад. Олимони америкоӣ ин масъалаи муҳими физикиро андеша намуда, хулоса бароварданд, ки Коиноти ҳозира дар оғози тараққиёташ дар ҳола­ти фишурдашуда буда, ҳарораташ ба 10 млрд дараҷа мерасад. Бо ибораи дигар, Коинот «кураи оташафшоне»-ро мемонд, ки зотан муҳити бағоят зич ва тафсон буда, аз худ сели калони нури гармиро меаф- канд. Мутахассисони принстонӣ ай­нан паи дарёфтани боқимондаи ана ҳамин афканишот шуданд, ки мебоист то макону замони мо омада расад.

Аъзои гурӯҳи таҳқиқотии Р. Дик­ке аз лабораторияи физикии Палмер Р. Г. Ролл ва Д. Т. Уилкинсон ҳамон замон ба ихтироъ ва озмоиши дастгоҳи қайдгир шурӯъ намуданд, то ки афканишоти гумонзадро ошкор созанд. Вале ҳанӯз дастгоҳи онон тайёр нашуда ва аз озмоиш нагузашта буд, ки Арно Пензиас ва Роберт Уил­сон як афканишоти номаълумро ба қайд гирифтанд: он новобаста ба самти назар якзайл «шавқун» карда, ба радиоалоқа халал мерасонд. Андозагириҳои минбаъдаи Ролл ва Уил­кинсон, Ҳоуэлл ва Шейкшафт ва дигарон бо камоли аниқи исбот карданд, ки мушоҳидаҳои Пензиас ва Уилсон тасодуфӣ набуда, балки айнан гувоҳии онанд, ки дар фазои кайҳон боқимондаҳои афканишоти нахустин ҳастанд; фақат вай акнун хеле хунук шудааст (дараҷаи ҳарораташ ҳамагӣ 3 дараҷаи Келвин).

Ана ҳамин тавр модели «Коиноти тафсон» дар амал собит шуд. А. Пензиас вa Р. Уилсон барои кашфи афканишоти боқимонда бо мукофоти Нобели сарфароз карда шудаанд (соли 1978).

Ад.: Турсунов А., Банди фалак, Д., 1976; ҳамон му а л л., Философия и современная космология. М., 1977; 3 е л -д о в и ч  Я. В., Н ов и к о в И. Д.. Строе­ние и эволютсия Вселенной, М., 1975; С. Вайиберг. Первые три минуты. М., 1981.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …