Маълумоти охирин
Главная / Илм / Назарияи информатсия

Назарияи информатсия

На­зарияи ахбор, як фасли кибер- нетикаро гӯянд, ки ба тартиб дода­ни тавсифоти математикӣ, баҳодиҳии методҳои интиқол, нигаҳдорӣ, истифодабарӣ ва таснифи информа­тсия машғул аст. Азбаски мафҳуми «информатсия» ва соҳаҳои татбиқи он хеле гуногунанд, Назарияи информатсия дар зинаи ҳозираи тараққиёташ аз маҷмӯи предметҳои гуногуни илмӣ иборат мебошад, ки дар ҳар яки онҳо соҳаи алоҳидаи ин мафҳум омӯхта мешавад.

Назарияи информатсия асосан предмети математикист, вай назарияи эҳртимолият, ста­тистикаи математики, алгебраи хаттӣ, назарияи гурӯҳҳо, назарияи графҳо, назарияи бозиҳо ва дигар соҳаҳои математикаро истифода мебарад.

Ба Назарияи информатсияи математики америкой К. Шеннон (1948—49) асос гузоштааст. Дар ил к лш о фи он ниссаи математи- кони советй А. Н. Колмогоров ва А. Я. Хинчин, радиотехникнон сове­тй В. А. Котелников, А. А. Харке- вич ва диг. низ калон аст. Мухимта- рнн кисми таркибнн Н. п. назарияи интитсоли информатсия мебошад. Пай- доиши назарияи интитсоли информа­тсия бо налли интихоб намудани суръати оптималии интиқоли ин­форматсия (К. Шеннон, 1948) алоқаманд аст. Дар мавриди кодонии оптималӣ ва декодоние, ки дар он эҳтимолияти иштибоҳи информатсия ҳангоми интиқол хурдтарин мебо­шад, чунин суръати оптималиро ба даст овардан мумкин аст. Суръати оптималии интиқол, ки гузаронандагии канали алоқа ном дорад, тавассути миқдори информатсия ифода мешавад. Масъалаҳое, ки бо усулҳои оптималии нигаҳдории инфор­матсия алоқаманд мебошанд, ба масъалаҳои интиқоли оптималии ин­форматсия монанданд, зеро нигаҳдории информатсияро чун интиқоли он (аммо на дар фазо, балки дар фосилаи вақт) муоина кардан мумкин аст. Дар солҳои охир назарияи кодонӣ, ки ба тартиб додани алгоритм- ҳои конкретӣ ва нисбатан соддаи кодонӣ ва декодонӣ машғул аст, ривоҷ ёфт. Мавҷудияти чунин алго­ритмҳо, ки аз рӯи имкониятҳои худ ба алгоритмҳои оптималӣ наздиканд, дар назарияи интиқоли ин­форматсия исбот карда мешавад. Ҷиҳати хоси назарияи кодонӣ он аст, ки барои тартиб додани корҳои ҳалли масъалаҳои конкретӣ на танҳо аз усулҳои статистики, балки аз воситаҳои алгебра ва методҳои ки­бернетика низ истифода мебарад.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …