Маълумоти охирин
Главная / Илм / Назарияи электронӣ

Назарияи электронӣ

Назарияи классики (ғайриквантӣ)-и про- сессҳои электромагнитиро гӯянд, ки ба тасаввуроте дар бораи аз зарраҳои электрии заряднок (злектронҳо ва ядроҳои атомӣ) таркиб ёфтани моддаҳо асос ёфтааст. Асоси Назарияи электрониро муодилаҳои Максвелл—Лоренс ташкил медиҳанд, ки онҳоро охири асри 19 X. А. Лорентс тартиб дода буд. Ин муодилаҳо дар натиҷаи таъмими муодилаҳои макроскопии Максвелл (ниг. Муодилаҳои Максвелл) ҳосил гардиданд. Дар системаи воҳидхои мутлақи Гаусс шакли дифференсиалии онро чунин аст:

rot h =  ,

rot e = ―  .    ,

div h= 0

div e= 4πp

(с — суръати нур дар вакуум).

Мувофқи Назарияи электронӣ ин муодилаҳо майдонро аз он ҷумла майдонҳои байниатомӣ ва дохилиатамӣ ва ҳатто майдонҳои дохилиэлектрониро низ дар нуқтаи дилхоҳи фазо ва дар лаҳзаи дилхоҳи вақт аниқ тавсиф мекунанд. Дар вакуум онҳо бо муодилаҳои Максвелл якхелаанд. Назарияи электронӣ Ло­ренс фаҳмидани мазмуни физикии собитаҳои асосиеро имконпазир гардонд, ки ба муодилаҳои Максвелл дохил мешаванду хосиятҳои элект­рикию магнитии моддаро тавсиф медиҳанд. Дар асоси он баъзе ҳодисаҳои муҳими электри ва оптики (эф­фект нормалии Зееман, дисперсияи рӯшноӣ, хосияти металлҳо ва ғайраҳо) пешгӯӣ ё шарҳ дода шуданд. Қонунҳои Назарияи электронҳои классики дар ҳудудҳои ниҳоли хурди фазову вақт риоя намешаванд. Дар ин ҳол қонунҳои назарияи квантии просессҳои электромагнити — электродинамикаи квантиро истифода бурдан салоҳ аст.

Ад.: J1 о р о н тс Г. А., Теория элентронов и её применение к явлениям света и теплового излучения, 2 изд.. М., 1953; Б е к к е р Р., Электронная теория. Л. М., 1036.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …