Маълумоти охирин
Главная / Илм / Назарияи алгоритмҳо

Назарияи алгоритмҳо

Назарияи алгоритмҳо, як фасли математикаро гӯянд, ки хосиятҳои умумии алгоригленоро меомӯ­зад. Ҳодисаное, ки боиси ба вуҷуд омадани мафҳуми «алгоритм» гардидаанд, дар тамоми таърихи мавҷудияти математика вомехӯранд. Аммо худи мафҳум танҳо дар асри 20 пурра ташаккул ёфт ва фақат солҳои 20 асри 20 дар тадқиқоти намояндагони интуитсионизми математики Л. Э. Я. Брауэр ва Г. Вейл мавҷуи алоҳида гардид. (Худи истилоҳи «алгоритм» аз тарзи навишти номи олими маъруфи Аҷам Муҳаммади Хоразмӣ баромада омадааст.) Аз соли 1936 cap карда Назарияи алгоритмҳо мунтазам инкишоф ёфт. Ҳамон сол математики америкоӣ А. Р. Ҷёрҷ бори нахуст мафҳуми функсияи ҳисобиро дақиқ баён намуд ва аввалин мисоли функсияи ғайриҳисобиро нишон дод. Математикони америкоӣ А. М. Тюринг ва Э. Л. Пост бори аввал мафҳуми алгоритмҳоро дар асоси мафҳумҳои ҳисобмошинҳои идеализиронидашуда баён намуданд. Минбаъд дар асарҳояшон математикҳо С. К. Клини, А. А. Марков ва дигарон Назарияи алгоритмҳоро ин­кишоф доданд. Масалан, А. А. Марков барои аниқ кардани мафҳуми алго­ритм мафҳуми алгоритми нор­малиро ҷорӣ намуд. Усули бештар умумии аниқ намудани мафҳуми алгоритмро А. Н. Колмогоров пешниҳод кардааст. Ниг. низ Алго­ритм.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …