Маълумоти охирин
Главная / Илм / Назарияҳои технократӣ

Назарияҳои технократӣ

Назарияҳои технократӣ яке аз равияҳои Назарияи технологӣ буда, дар корхонаҳои капиталистӣ ва умуман дар истеҳсолот аз соҳибон — капиталис­тон ба дасти зиёиёни инженерию техникӣ (технократия) гузаштани идоракунӣ ва ҳокимиятро талқин мекунанд. Назарияҳои технократӣ далелҳои зимни инқилоби илмию техникӣ баланд шудани мақоми илм ва мутахассисонро дар истеҳсолоти ҷамъиятӣ таҳрифкорона ба қалам меоранд. Ба назарияҳои технократӣ рӯпӯш намудани зиддиятҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва синфии ҷамъияти буржуазӣ, идеализатсияи мавқеи икқтисодии корпоратсияҳои калон хос аст. Назарияҳои технократӣ дар ниҳояти кор бо назарияи конверген­сия ва умуман таълимотҳое, ки худ аз худ ба сохти нави ҷамъиятӣ гузаштани капитализми ҳозираро талқин мекунанд, ҳамроҳ шуда мераванд.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …