Маълумоти охирин
Главная / Илм / Назарияҳои капитализми танзимпазир

Назарияҳои капитализми танзимпазир

Назарияҳои капитализми танзимпазир, маҷмӯи таълимоти буржуазӣ, ислоҳотчигӣ ва ревизиониеот, ки дар асоси танзими давлатии монополистӣ бартарафпазир будани зиддиятҳои антогонистии такрористеҳсоли капиталистиро талқин мекунад; дар осори иқтисодшиноси       англис Ҷон Кейнс (1883—1946) ва пайравони ӯ (Р. Харрод, Н. Калдор) асоснок карда шудаанд. Мақсади асосии онҳо (ба истилоҳ кейнсигарӣ) таъмини талаботи «самаранок» ва «пурра» бо кор банд кардани аҳолӣ буд. Вале сиёсати иқтисодии мамлакатҳои капиталистие, ки бар пояи принсипҳои кейнсигарӣ қарор гирифта буд, ба ийфлясияи ҳозира дар олами сармоядорӣ сабаб шуд. Назарияи капитализми танзимпазир бошад, пеши бӯҳронҳои иқтисодиро дар мамлакатҳои капиталистӣ гирифта натавонистанд ва гириф­та ҳам наметавонанд.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …