Маълумоти охирин

Назария

Назария (ар. — нигоҳ кардан), ба маънои васеаш маҷмӯи ақидаҳо, тасаввурот, ғояҳост, ки ягон ҳодисаро шарҳу таъбир медиҳанд; дар маънои нисбатан маҳдуд ва махсус системаи мантиқан муташаккили донишҳои илмиест оид ба қоқуният ва робитаҳои муҳими як соҳаи муайяни воқеият (объекти ҳамин Назария). Ба ибораи В. И. Ленин «дониши назариявӣ бояд объектро дар зарурияти вай, дар муносибатҳои ҳаматарафаи вай… ифода кунад» (Ас., ҷ- 38, с. 213). Назария ба амалияи ҷамъиятӣ асос ёфта, дар бораи реалияти объективӣ дониши тому боэътимод ва системанок медиҳад. Назария бо ҷамъбасти амалия маҳдуд нашуда, доираи худи таҷрибаро низ васеъ мекунад. Марксизм-ленинизм ҳам паст задани Назария ва ҳам назариябофии мавҳуму схоластикии аз воқеият дурро баробар рад мекунад.

Инсон ба дониши дар Назария таҷассумшуда такя карда, қодир аст чизи дар воқеияти табий ё иҷтимоӣ мавҷуднабударо офарад. Ин ҷиҳати программавии Назария нисбат ба амалия ҳам дар соҳаи истехсолоти моддӣ ва ҳам дар соҳаи ҳаёти ҷамъиятӣ зоҳир мегардад. Чунин зуҳурот дар соҳаи ис­теҳсолоти моддӣ аз татбиқи кашфиётҳои дар асоси Назарияи илмӣ падидоянда иборат аст, ки онро хусусан дар давраи ҳозираи револютсияи илмию техникӣ ва дар шароити ба қувваи бевоситаи истеҳсолкунанда            табдил ёфтани илм равшантар дидан мумкин аст.

Дар соҳаи ҳаёти ҷамъият Назарияи пешқадам қонуниятҳои объективии онро      да инъикос намуда, ҳамчун асоси илмии программаи дигаргунсозии ре-волютсионии ҷамъият хидмат меку­над. Мақоми Назария хусусан дар давраи сохтмони ҷамъняти сотсиалистӣ  ва            коммунистӣ пайваста ба фаъолияти

бошууронаи оммаи халқ меафзояд. В. И. Ленин қайд карда буд, ки «беӣназарияи револютсионӣ ҳаракати револютсионӣ ҳам шуда наметавонад»          в)

(Ас., ч* 5, с. 386) ва «роли муборизи пешқадамро танҳо партияе, ки назарияи пешқадамро ба худ сармашқ карда бошад, адо карда метавонад» (Ас..,ҷ.5, с. 387). Аҳамияти Назарияи пешҷадами марксистию  ленинӣ, ки қонунҳои объективии инкишофи ҷамъиятро ошкор менамояд, дар замони ҳозира дар роҳбарии КПСС ба ҷамъияти мутараққии сотсиалистӣ ва ҳаракати он ба сӯи  коммунизм зоҳир мешавад. Дигаргунсозии бомароми воқеият  дар асоси дониши дар Назария таҷассумёфта, меъёри ҳаққонияти Назария (ниг. Ҳақиқат) мебошад. Амалия натанҳо меъёри ҳаққоният, балки асоси инкишофи Назария мебошад. «Амалия аз дониш (аз дониши назариявӣ) боло­тар аст, зеро вай на танҳо қимати куллро, балки қимати воқеияти бевоситаро ҳам дорад» (Ленин В. И., Ас.,ҷ.38, с. 216).       TI

Назария нисбат ба дигар шаклҳои дони­ши илмӣ (фарзия, қонун ва ғайра) шакли мураккабтар ва мутаранқитар аст. Ба ин маънӣ Назарияро аз дигар шаклҳои дониши илмӣ — қонунҳои илмӣ,  таснифот, типология, тафсироти ибтидоӣ фарҷ бояд кард.

Дар таркиби Назария ҷудо кардани ҷузъҳои зерин расм шудааст: 1) заминаи эмпирикӣ (маҷмӯи фактҳои  соҳаи дониши муайян, ки дар рафти таҷриба ҳосил шуда, таъбири назариро тақозо доранд); 2) заминаи  назарӣ — маҷмӯи постулатҳо, аксиотмаҳо, қонунҳои умумии Назария 3) мантиқи Назария— маҷмӯи қоидақои хулосабарорӣ ва исботи мантиқие, ки дар доираи Назария имконпазиранд; 4) маҷмӯи хулосаву натиҷаҳое, ки зимни  Назария ба исбот расиданду бунёди донишҳои назариро ташкил медиҳанд. Аввалин Назарияҳои илмӣ дар замони атиқа (Евклид) пайдо шудаанд. Xyди ҳамон вақт дар бораи сохту низоми дониши назариявӣ низ мулоҳизаҳо ба вуҷуд омаданд (Арасту, равоқиён). Қадами дигар дар инкишофи,  дониши назариявӣ бо пайдоиши табиатшиносии таҷрибавӣ ва инкишофи он дар асрҳои 16—18 вобаста аст.

Дар он замон ва як андоза дар нимаи якуми асри 19 вазифаи асосии маърифатро аз таҳлилу таркиби маълумотҳои таҷриба, кашфу таълими I қонуниятҳои эмпирӣ иборат медонистанд. Аз ин ҷиҳат аст, ки oн вақт ( низ решаҳои гносеологии дониши  назариро яктарафа маънидод мекарданд; гумон мерафт, ки Назария таълимя бевоситаи дастовардҳои амалии  аст.

Бинобар хулосаҳои нави методологияи илм, а) Назария таълими бевоситан натиқаҳои мушоҳида ё расадбандӣ нест; б) ба хулосаҳои назарӣ мувофиқ омадани натиҷаи ҷудогонаи  таҷриба ё озмоиш аломати умуман ҳаққонӣ будани Назария нест ва баръакс; в) ба хулосаҳои назарӣ мувофиқ наомадани натиҷаи ҷудогонаи таҷ­риба ё озмоиш нодурустии куллии Назарияро собит намекунад; г) дар таъбири як далели таҷриба ё озмоиш ду ва аз ин ҳам зиёд Назарияҳо бо ҳам рақобат карда наметавонанд. Аз ин рӯ интихоби Назарияи ҳаққонӣ аз миёни онҳо кори басе мураккабест, ки дар зимни муҳити иҷтимоию фарҳангӣ ба иҷро мерасад.

Ад.: Диалектика природы, Маркс К. и Энгелс Ф., Соч., т. 20; Ленин В. И., Чӣ бонд кард?. Ас., Ч- 5; ҳ а м о н му а л л., Дафтарҳои философе. Ас., ч. 38; Мамчур Б. А., Проблемы выбора те­ории, М., 1975; Степин В. С., Станов­ление научной теории, Минск, 1976; Р у- 8 а в и н Г. И., Структура научной тео­рии, М., 1978, Швырев В. С.. Эмпири­ческое и теоретическое, М., 1978.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …