Маълумоти охирин
Главная / Биология / Найзадумҳо

Найзадумҳо

Найзадумҳо (Xiphosura) як гурӯҳи ҳайвонҳои буғумпои баҳриро гӯянд, ки аз синфи меростомаҳо буда, бештари онҳо замонҳои қадим нобуд шудаанд. Бадани Найзадумҳо паҳн (дарозиаш то 90 см) буда, аз ду қисм (сарсива ва шикам) иборат аст. Дар қисми сарсива 6 ҷуфт пой доштанд, ки вазифаи ҳаракат, доштан ва майда кардани хӯрокро иҷро мекарданд. Найзадумҳо ҳайвони ҷудоҷинсаи тухмгузор аст. Аз тухми онҳо кирмина пайдо мешавад. 12 ҷинси мурдарафтаи Найзадумҳо маълуманд, ки ба давраи силур мансубанд. Найзадумҳо ба 3 ҷинс ва 5 намуд тақсим мешаванд, онҳо дар уқёнуси Атлантика ва соҳилҳои ҷанубу шарқӣ ва шарқии Осиё паҳн шудаанд. Найзадумҳо дар тунукоба зиндагӣ мекунанд. Ғизояшон ҳайвонҳои бемӯҳраи зериобӣ ва обсабзҳо мебошанд.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …