Найза

Найза:

1) олати чӯбӣ ё фулузии дарози суфта, ки ба нӯкаш теғи бо- рики фӯлодӣ шинонда, дар шикор ё ҷанг истифода бурда мешуд. Дар давраи палеолит ихтироъ гардидааст. Найза дар ибтидо калтаки нӯктез буда (дарозиаш аз 1,5 то 5 м), дертар одамон ба нӯкаш пайкон (дар асри санг — сангӣ, устухонӣ, аз асри биринҷӣ — фулузӣ) пайваст мекардагӣ шуданд. Найза хусусан дар асри оҳан бештар паҳн гашт. Дар Осиёи Миёна Найзаро ҷанговарони хоразмӣ, суғдӣ, кушоиӣ, портӣ ва диг.  бештар ба кор мебурданд. Шаклҳои гуногуни Найза дар байни аскарони пиёда то охири асри 17 — ибтидои асри 18, дар байни аскарони савора то аввали асли 20 боқӣ монд. Аз асри 19 ба нӯки милтиқ Найза пайваст мекардагӣ шуданд. Ҳоло Найза ҳамчун яроқи шикор дар байни мардуми маҳаллии Африка ва Америкаи Ҷанубӣ боқист.

2) Дар варзиши сабук олати варзиш, ки ҳангоми мусобиқа ба кор бараяд. Ду хели Найза маълум: мардона (дарозиаш 260 см, вазнаш 800 г) ва занона (дарозиаш 220 см. вазнаш.600 г).

Ад.: Литвинский В. А., Древние кочевники «Крыши мира», М.. 1972.

Дар борамон M. A.

Инчунин кобед

САҚАНКӮР

САҚАНКӮР, нигаред Самандар.