Маълумоти охирин

Найсози

Найсози мусиқии нафа­сӣ. Най аз қамиш ё бамбук сохта шуда, одатан, ҳафт буғумчӯби онро дар бар гирифта, ҳафт сурохии асосӣ до­рад, ки ба яке аз онҳо пуф карда овоз мебароранд. Аз рӯи сохт ва тарзи навохтан ба якчанд навъ ҷудо мешавад. Агар аз чӯб созанд, наи чӯбин, аз мис бошад, наи мисӣ, аз гил бошад, наи гилӣ мегӯянд. Най номи умумии гурӯҳи калони созҳои мусиқӣ мебошад, ки дар байни бисёр халқҳои Шарқ маъмул аст. Душох, дунай, қӯшнай, дудук, тутук аз қабили онҳоянд. Най аз ҷиҳати тарзи навохтан ду хел мешавад: Найҳои бо тарзи уфуқӣ ва амудӣ навохташаванда.

Таърихи пайдоиши Най хеле қадимист. Ба ин, алалхусус, ҳайкалчаҳои найнавозон, ки аз ҳафриёти бостоншиносон дар Афросиёб ёфт шудаанд, шаҳодат медиҳанд. Маълумоти махсуси илмӣ роҷеъ ба Най дар асари Форобӣ «Китоб- ул-мусиқи-ил-кабир» гирд омадаанд, ки онҳоро ба найи имрӯза нисбат додан мумкин аст. Дар адабиёти форс-тоҷик тавсифи Най хеле зиёд дучор мешавад ва онро комилан чун ифодаи рамзии оҳанги ҳазин ё на­вои ушшоқ ба қалам медиҳанд. Найи тоҷикӣ, ки дар замони мо хеле маъ­мул шудааст, аз қабили Найи бамбу- кӣ ба шумор меравад. Он аз найчаи диаметраш 20—30 мм ва дарозиаш 450—500 мм иборат буда, шаш сӯро­хии бо ангушт маҳкамшаванда до­рад. Сӯрохии овозбароранда дар наздикии тарафи пӯшидаи Най ҷойгир шудааст. Най боз як сӯрохии иловагӣ дорад, ки онро одатан бо коғаз ё пӯст маҳкам мекунанд. Аз шаш суӯрохии овоздиҳандаи най 7 овози ди­атоникӣ ба вуҷуд меояд, ки онҳоро бо роҳи зиёд кардани қувваи ҳавои дохилшаванда ё бо ангуштон пӯшондани рӯи сӯрохиҳо пасту баланд кардан мумкин аст. Диапазони қаторовози Най то ба дуюним октава мерасад, ки дар нота чунин ифода меёбад:

Ҳангоми дар ансамблҳо истифода бурдани Най, одатан, дирар асбобҳоро (танбӯр, дутор, ғижжак ва ғайра) аз рӯи баландии овози он ҷур меку­нанд. Най овози баланду ҳуштакомез, вале фораму нафис дорад. Аз ҷиҳа­ти техникӣ имкониятҳои фаровонро дорост, оҳангдоро босуръат ва бо мелизмаҳои гуногун навохтан мум­кин. Унсури машҳури мусиқии Шарқ — нола (яъне дар як зина ка ёфтани овоз) махсусан дар Най хуш садо медиҳад. Оҳангҳои «Муноҷот», «Чӯли Ироқ», «Наврӯзи сабо», «Наврӯзи Аҷам», фақат бо Най иҷро мешаванд. Репертуар ва техиикаи навохтани Най дар рузҳои мо хеле тараққи кард. Дар омӯзишгоҳ ва мактабҳои мусиқӣ шӯъбаи махсуси найнавозӣ вуҷуд дорад. Навозандагон асарҳои барои флейта иншонамудаи бастакорони машҳурро бо Най менавозанд.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …