Маълумоти охирин
Главная / Биология / Найшакар

Найшакар

Найшакар (Saccharum), ҷинси растаниҳои бисёрсолаи қанддорест аз оилаи хушаиҳо. Пояаш рости ба­ланд (то 6 м). Туғаш ва шохчаҳояш банддор, хушачаҳо­яш бо мӯякҳои дароз ва гулҳои дуҷинса фаро гирифта шудааст. 5 на- муди Найшакар маълум аст: Найшакари асил (S. officinarum, ниг. расм) дар мамлакатҳои тропикӣ парвариш мешавад; Найшакари б а р б е р ӣ (S. barberi) намуди вамзироативу полиморфӣ, дар ноҳияҳои субтропикии Ҳиндустон басёр аст; най ё Найшакар худрӯй ва полиморфӣ, дар ҷанубу шарқии Осиё, Ҳиндустон, Афракаи Шимолӣ, Осиёи Миёна (дар соҳилҳои пасти дарёҳои Сир, Аму ва ғайра) масоҳати васеъро фаро гирафтааст; Найшакари х и т о ӣ (S. sinense) дар Ҳиндустони Шимолӣ, Хитои Ҷанубӣ, Япония киштукор мешавад; ш о ҳ н а й (S. robustum) намуди худрӯе, ки дар Гвинеяи Нав месабзад.

Найшакарро аз қаламча зиёд мекунанд. Дар плантатсияҳои Найшакар соле 3—5 маротиба ҳосил меғундоранд, ки ҳуҷайраҳои паренхимии пояи он то 20% (Найшакари худрӯй 2—10%) қанд до­рад. Аз шираи он ром тайёр меку- нанд. Партонҳояшро дар сохтмон ва чун сӯзишворӣ ба кор мебаранд. Осиёи Ҷанубу Шарқиро ватани Найшакар мешуморанд. Найшакарро дар Ҳиндустон 3 ҳазор сол пеш аз мелод кишт мекарданд. Дар асри 6 Найшакар дар мамлакатҳои Шарқи Наздик, баҳри Миёназамин ва Хитой парвариш мешуд. Найшакарро дар асри 15 ба ҷазҳои Азору Канар ва дертар аз Ис­пания ба Кубаю Мексика оварданд. Ҳосилнокии маёнаи пояи Найшакар 400— 500 сентнер/га (дар участкаҳои тақрибавӣ то 2000 сентнер/га) мебошад.

Дар ИТТИҲОДИ ШӮЪРАВӢ Найшакар чун зироати яксола дар водии Вахши РСС Тоҷикистон ва вилояти урхавдарёи РСС Ӯзбекистон парвариш карда мешавад. Моҳҳои феврал— март Найшакарро ба ҷуякҳо шинонида, моҳи октябр (450—500 то 800 сентнер/га) меғундоранд. Қандинокии пояи Найшакар 8—10% аст. Найшакар барои истеҳсоли ром истифода ме­шавад.

Ад.: П о л я р у ш Е. И., Сахарный тростник и его култура на юге СреднеП Азии, Сталинабад, 1959; Устименно Г. В., В е л ю ч е н к о И. С., Тропичес­кие пропашные културы, М., 1906; Ж у- к о в с к и п П. М., Културные растения н их сородичи, Л.. 1971.

 

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …