Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Найду Сароҷини

Найду Сароҷини

Найду Сароҷини (13.02.1879, Ҳайдаробод — 02. 03. 1949, Лакҳнав), шоири ҳинду, иштирокчии ҳаракати миллии озодихоҳӣ. Аа оилаи бараҳман. Дар коллеҷҳои Лондон ва Кембриҷ тахсил кардааст. Ба забони англисӣ шеър менавишт. Найду дар қадамҳои аввалини эҷодӣ дар пайравии шоиронӣ бузурги англис, махсусан, намояндагони ҷараёни романтикии он шеър гуфтааст. Дар шеърҳои ин давраи шоира ишқ ва манзараҳои табиат тараннум шудаанд.

Аввалин маҷми шеърҳои Найду «Остони заррин» соли 1905 дар Лондон ба табъ расид. Мунаққидон ба ин маҷмӯа баҳои баланд дода, ашъори ӯро намунаи беҳтарини назми асри 20 англис шумориданд. Маҷми дуюми Найду «Мурғи замон» соли 1912 дар Ҳиндустон нашр гардид. Дар ин китоб шоира ҳамдардии худро ба ғаму кулфати халқ изҳор кардааст. Маҷми сеюмн Найду «Боли шикаста» (1917) ном дорад. Найду ҳам дар ҳаёти адабӣ ва ҳам дар ҳаёти сиёсии Ҳиндустон роли калон бозидааст. Ӯ дар шароити вазнини ибтидои асри 20 (авҷ гирифтани зиддиятҳои мазҳабӣ ва ҳурофот) дӯстии ҳиндувону мусулмонҳоро хоста, онҳоро ба муборизаи якҷоя ба муқобили истилогарони хориҷӣ даъват кардааст.

Шоира дар шеърҳояш мустамликадорӣ, нобаробарии иҷти­моӣ, беҳуқуқии занонро маҳкум менамояд. Найду иштирокчии фаъоли ҷамъомадҳо ва конгрессҳои озодихохони мамлакаташ буд. Хизмати ӯ дар бобати озодии занони Ҳиндустон калон аст. Соли 1920 Найду яке аз роҳбарони Конгресси миллӣ интихоб шуд. Соли 1925 ташкили сессияи 43-уми Конгресси миллиро ба зимма шриф­та, дар он раисӣ кард. Соли 1947, баъд аа истиқлолияти Ҳиндустон, Найду губернатори бузургтарин штати Ҳиндустон — Уттар — Прадеш таъин гардид. Шеърҳояш ба забони тоҷикӣ тарҷума шудаанд.

Ад.: Шаҳобова М., Сароҷини Най­ду, Д., 1969.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …