1) найшакари худрӯй, қалам (Saccharum spontaneum), гиёҳи бисёрсолаест аз оилаи хӯшаиҳо. Баландиаш 100—200 см, пояаш ғафс (диаметраш 5—7 мм), сахт, баргаш борики тасмашакл (бараш 2—4 мм), хӯшагулаш туғшакл (дарозиаш 25—50 см), пулакчаи гулаш сафедча (дарозиаш то 1 мм). Моҳҳои май — июл гул карда, июл — сентҳои мебандад. Найзор дар Эрон, Ҳимолой, Ҳиндустон ва дар Осиёи Миёна мавҷуд аст. Дар Тоҷикистон Най асосан дар туғайзор, соҳили дарё ва шохобҳои он месабзад. Найро барои тайёр кардани силос, коғаз ва матои дурушт истифода бурдан мумкин аст.
Шираи Най 2—4% сахароза дорад; 2) қ а м и ш, найқамиш (Phragmites communis (ниг. расм), гиёҳи бисёрсолаест аз оилаи хӯшаиҳо. Баландиаш аз 0,5 то 6 м, пояаш ғафс (диаметраш 0,3— 1,5 см), рост, сербарг, хокистарии сабз, баргаш дурушти тасмаю нештаршакл (бараш то 7 см), туғаш зич, сершохча (дарозиаш 10—50 см, бараш 4—10 см), хушачааш 3—7 — гулаи бӯртоби бупафш ё зардтоб. Моҳҳои июл — октябр гул карда дои мебандад. Дар минтақаи мӯътадили кураи замин паҳн шудааст. Дар аксари ноҳияҳои ИТТИҲОДИ ШӮЪРАВӢ ва аз ҷумла Тоҷикистон найзори фарох мавҷуд аст. Асосан дар соҳили дарё, кӯл, ҷӯй ва ғайра месабзад. Бо омехтагии ҷигда (Elaeagnus), туранға (Рори- lus diversifolia), газ (Tamarix) ва сарнай (Erianthus) дар туғайзор масоҳати фарохро ишғол мекунад. Наврустаи Най хӯроки хуби чорвост. Аз ҳар га найзор 8—20 т алаф даравида, силос тайёр кардан мумкин аст. Баргу пояи Най 9% протеин, 2% равған, 6,4% сафеда, 37.2% клетчатка, 8,3% оҳор, 23% моддаҳои қиёмии бе- нитроген (БЭВ) ва ғайра дорад. Най чун масолеҳи сабуки сохтмон, инчунии барои тайёр кардани коғаз, сабад ва ғайра истифода мешавад.
Ад.: Флора Таджикской ССР, т. 1, м.— Л., 1957; Комаров Б. М., Определител растений Северного Таджикистана, Д., 1967; Алексеев Ю. Е. [ва пиг.Т. Травянистые растения ИТТИҲОДИ ШӮЪРАВӢ, т. 1, М., 1971.