Главная / Биология / Нахӯтак

Нахӯтак

Нахӯтак (Astragalus), ҷинси растаниҳои як ё бисёрсолаи алафӣ ва буттаӣ; мансуби лӯбиёиҳо.

Барги тоқапаршакл ва гули майда дорад. 2000 намуди он асосан дар минтақаҳои хушки Нимкураи шимолӣ дучор меояд. Дар СССР зиёда аз 900 намудаш маълум буда, бештар дар Осиёи Миёна (тақрибан 600 наму­даш) ва Кавказ мерӯяд. Дар Тоҷикистон 270 намуди Нахӯтак месабзад. Аз онҳо rytilobus (ниг. раем.), А. se- samoides, A. sieversianus бештар паҳн шудаанд. Дар байни растаниҳои ҷинси Нахӯтак намудҳои доруӣ, техникӣ, хӯрокӣ ва ороишӣ хеле бисёранд. Онҳо ба миқдори зиёд сафеда, алка­лоид ва гликозид доранд. Бактерияҳои азотандӯзи решаи Нахӯтак хокро аз нитроген бой мегардонад. Пояи баъзе намуди Нахӯтак самғ дорад, ки он дар саноати бофандагӣ, коғаз ва ғайра истифода мешавад.

Дар борамон M. A.

Инчунин кобед

Лолаарусак

Лолаарӯсак

ЛОЛААРӮСАК (Раpaver rhoeas), як навъ гиёҳи яксола. Пояаш (дарозиаш 5—40 см) ҳамида ва мӯякҳои дурушт …