Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Нахӯдшӯрбо

Нахӯдшӯрбо

Нахӯдшӯрбо як навъ таоми миллии тоҷикист. Гӯштро ба деги обдор андохта, дер меҷӯшонанд. Баъд ба дег бехпиёзи реза ва неш аз пухтани гӯшт чанд барги дарахти ғор, каме намак меандозанд. Ҳангоми ҷӯшидан равғани шӯрборо ба коса мебардоранд. Ба нахуди қариб 5 соат дар оби ширгарм буда ним қошуқча намак ва баъдтар ду қошуқча содаи хӯрокӣ андохта, як соат дам медиҳанд. Сипас онро шуста, ба деги шӯрбо меандозанд ва тақрибан 1 соат меҷӯшонанд. Андаке пеш аз пухтани нахӯд ба дег ба қадри даркорӣ намак ва хуриш меандозанд. Нахӯдшурборо ба косаҳо кашида, равғани бардоштамондаро ба рӯяш мерезанд.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …