Маълумоти охирин

Нахӯд

Нахӯд (Cicer arietinum), гиёҳи яксолаест аз оилаи лӯбиёиҳо; яке аз қадимтарин растаниҳоп мазрӯъ. Баландиаш аз 10 то 80 сантиметр, пояаш роста сершоха, баргаш мураккаби пармонанди тоқабаргча (дарозиаш 2,5—7 сантиметр) буда, аз 4—8 ҷуфт баргча таркиб ёфтааст; баргчааш эллипсӣ, баъзан байзашакл (дарозиаш 1— 1,8 сантиметр), гулаш майдаи сафед, гулобӣ, бунафш ё кабуд, ғилофак (кӯсак)-аш байзашакли дарозрӯя (дарозиаш 2—3,5 сантиметр, бараш ‘ 1—1,7 сантиметр); 1—4 донаи зард, сиёҳ, гулобӣ, норанҷии байзашакли нӯгчадор ё мудаввар дорад. Моҳҳон июн — июл гул карда, июл— август дон мебандад. Вазни 1000 донаи навъҳои калондонааш 300 г ва май- дадонааш то 200 г. Асосан 4 зерна- ‘муди Нахӯд (ssp. orientalis, ssp. asiati- cum, ssp. eurasiaticum, ssp. mediter- raneum) маълум аст.

Зироати Hахӯд дар кишвҳои баҳри Миёназамин, Осиёи Хурд, Осиёи Пеш, Афғонистон, Ҳиндустон, Покистон ва СССР (Осиёи Миёна, Қазоқистон, Кавказ, Қрим) маъмул аст. Ватани Нахӯд Осиё аст. Тоҷикон Нахӯдро аз қа- димулайём кишт мекунанд. Нахӯд дар аксари районҳои Тоҷикистон дар заминҳои лалмӣ ва обӣ (800—2400 м аз с. б.) кишт мешавад. Асосан навъҳои — «Зимистонӣ», «Тоҷикӣ-10», «ВИР-32», «Киевский-120» ва ғайраро мекоранд. Заминро тирамоҳ бо плу­ги пешплугдор чуқур (то 25 сантиметр) шудгор менамоянд. Навбаҳор ба ҳар га 2—3 сентнер суперфосфат ё 50—60 киллограмм селитраи аммиак андохта, шудгорро сихмола мекунанд. Муҳлати мусоиди  кишт дар водиҳо ва доманакӯҳҳои Тоҷикистон моҳи март, дар районҳои кӯҳӣ моҳи апрел ҳисоб меша­вад. Меъёри кишти Нахӯд ба ҳар га аз 60 то 140 киллограмм аст; ба ҳар га 0,3—0,5 миллион ниҳол рост меояд. Дар районҳои вилояти Ленинобод ба ҳар га 70—80 киллограмм, дар заминҳои лалмии сербориши Ҳисор ва Кӯлоб 100—110 киллограмм ва Ғарм 120 киллограмм тухмӣ мекоранд. Тухмӣ дар харорати 2—5°Селсия гармӣ саросар неш мезанад. Навниҳоли Нахӯд ба 6—8° Селсия хунукӣ тоб меорад. Даври нашви Нахӯд дар шароити Тоҷикистон 70—85 рӯз аст. Баъди зард шудани кӯсаки Нахӯд ба ҷамъоварии ҳосил cap мекунанд. Аз ҳар га вобаста ба навъҳои Нахӯд аз 8 то 25 сентнер дон мегиранд. Дар дуньё киштзори Нахӯд зиёда аз 10 миллион га-ро ташкил медиҳад.

Нахӯд чун ғалладонаи сергизои хӯрокӣ ва барои тайёр кардани консерв, макарон, сурогати қаҳва, маҳсулоти гуногуни қаннодӣ ва ғайра истифода мешавад. Дар байни тоҷикон нахӯдбирьён, нахӯдшӯрак, нахӯдшӯрбо, оши равон ва палави нахӯддор аз қадим маъмул аст. Нони нахӯдӣ хуштаъм ва сергизост. Хошоки Нахӯд барои моли майда хӯроки сергизо (22,5% протеин, 4,8% равган ва ғайра дорад) аст. Дони Нахӯд то 30% сафеда, то 7% равған, зиёда аз 60% моддаҳои қиёмии бенитроген (БЭВ), вита­мина В, ва ғайра дорад.

Адабиёт: Қосимов Ҷ. Қ., Крей дик Б. М Невзоров В. В., Зироатҳои Тоҷикистон, Душанбе, 1975:            Растениеводство,Москва, 1975; Вехов В. Н., Губанов И. А., Лебедева Г. Ф., Культурные растения СССР, Москва, 1978; Флора Таджик­ской ССР, том 5, Ленинград, 1978.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …