Главная / Без рубрики / Нахҳои химиявӣ

Нахҳои химиявӣ

Нахҳои химиявӣ нахҳоеанд, ки аз полимерҳои органикии табиӣ ва синтезӣ ҳосил карда мешаванд. Нахҳои химиявӣ ду хел мешаванд: сунъӣ ва синтезӣ. Баъзан ба Нахҳои химиявӣ нахҳоеро, ки аз пайвастҳои ғайриорганикӣ ҳосил карда мешаванд (шишагӣ, ме­таллӣ, базалтӣ, кварсӣ) низ дохил мекунанд. Просесси истеҳсоли Нахҳои химиявӣ чунин аст: маҳлул ё гудохтаҳои тордиҳандаро тайёр карда, ба шакли нах медароранд ва сипас пардоз медиҳанд.

Режими процессҳои мазкурро тағйир дода, бо роҳи модифика­тсии полимерҳо (ё худи нах) Нахҳои химиявии гуногуне ҳосил мекунанд, ки хосиятҳои муайяни физикию химиявӣ ё физикию механикӣ доранд. Дар саноат Нахҳои химиявиро дар намуди мононах (нахҳои алоҳидаи дароз), штапел (порчаҳои кӯтоҳи нахҳои маҳин) ва нахҳои филаментӣ (дастаи нах­ҳои дарози печонидашуда) истеҳсол мекунанд.

Ресмони филаментӣ вобаста ба ҷои истеъмолаш ду навъ (бофандагӣ ва техникӣ) мешавад. Нахҳои химиявиро дар соҳадои гуногуни хоҷагии халқ (сохтмон, тиб, мошинсозӣ ва ғайра) истифода мебаранд. Истеҳсоли ҷаҳонии Нахҳои химиявӣ соли 1978 11,9 миллион тонна ва дар СССР 1,1 миллион тонаро ташкил кард. Пешбинӣ карда шудааст, ки соли 2000 истеҳсоли ҷаҳонии Нахҳои химиявӣ ба 20 миллион тонна, яъне ба дараҷаи истеҳсоли нахҳои табиӣ мерасад.

Дар борамон M. A.

Инчунин кобед

plankton

Планктон

Планктон (аз юнонӣ planklos — гумроҳ, беҳаракат), як гурӯҳ ҷонва- ронеро гӯянд, ки дар қабати …