Главная / Без рубрики / Нахҳои сунъи

Нахҳои сунъи

Нахҳои сунъиро аз поли­мерҳои табиии органикӣ ҳосил мекунанд. Дар байни онҳо нахҳои вискозӣ, мису аммиакӣ ва ацетатӣ, ки аз селлюлоза ҳосил карда меша­ванд, бештар маълуманд. Нахҳои сафедавӣ (казеинӣ)-ро нисбатан кам истеҳсол мекунанд. Баъзеи ин нахҳо (масалан, вискозӣ, мису аммиакӣ ва сафедавӣ) ноустувор буда, дар ҳолати тарӣ тез бурма мешаванд. Нах­ҳои вискозӣ хосиятҳои хубӣ гигие­нӣ доранд. Ашёе, ки ин нахро аз он ҳосил мекунанд, арзон ва фаровон аст. Бинобар ин истеҳсоли нах­ҳои вискозӣ муттасил меафзояд. На­хи асетатӣ зоҳиран базеб буда, бур­ма намешавад. Вале ба таъсири соиш ва равшанӣ тобовар нест.

Нахҳои синтезиро аз гудохтаи полимерҳо (полиамид, поли­эфир, полиолефин ва ғайра) ё маҳлули полимер (поливинилхлорид, спирти поливинил, полиакрилонитрил ва ғайра) ҳосил мекунанд. Онҳо хеле мустаҳкам, бадошт ва қаиш мебошанд. Ис­теҳсоли нахҳои синтезӣ ҷавдон меҳнатталаб нест. Бинобар ин онҳо нисбат ба нахҳои сунъӣ торафт бештар истеҳсол карда мешаванд. Аз нах­ҳои синтезӣ нахҳои полиамидӣ (кап­рон, анид, энант, ундекан, найлон ва ғайра), полиэфиры (лавсан), полиакрилонитрилӣ (нитрон), поливинил- спиртӣ (винол), поливинилхлоридӣ (хлорин), полипропиленӣ ва полиу- ретанӣ (спандекс) бештар маъмуланд. Олимони лабораторияи полимерҳои нахҳосилкунандаи Институти химияи АФ РСС Тоҷикистон оид ба ҷустуҷӯи усулҳои нави модификасияи химиявии нахҳои вискозӣ, асетатӣ ва як қатор нахҳои синтезӣ (барои бартараф намудани камбудии онҳо) тадқиқот мебаранд. Дар ин лаборатория нахи нави синтезии полиакрилонит­рилӣ— нитрон К ҳосил карда шу­дааст, ки он аз рӯи баъзе хусусиятҳояш нисбат ба нитрони саноатӣ бартарӣ дорад.

Адабиёт: Роговин 3. А., Основы химии и технологии производства химических волокон, том 1—2, Москва— Ленинград, 1974; Энцик­лопедия полимеров, том 1—3, Москва, 1972—76.

Дар борамон M. A.

Инчунин кобед

plankton

Планктон

Планктон (аз юнонӣ planklos — гумроҳ, беҳаракат), як гурӯҳ ҷонва- ронеро гӯянд, ки дар қабати …