Маълумоти охирин

Нахчир

Нахчир, нахҷир, бузи кӯҳӣ, бузи шахгард, оҳу (Cap­ra (Ibex) sibirica), ҳайвони ваҳшии ҷуфтсумест аз ҷинси буз. Дар РСС Тоҷикистон як зернамуди Нахчир (С. s. alaiana) маълум аст. Нахчир калонҷусса буда, рангаш ашҳаби бӯртоб ё сиёҳтоб, ду паҳлӯ ва гарданаш хол-хол, вазнаш аз 40—60 киллограмм (моданахчир) то 100—130 киллограмм (нарнахчир), шохаш ка­ҷи камоншакл (дарозиаш зиёда аз 1 метр) мешавад. Нахчир моҳи июн 2-то бача мезояд. Нахчирҳо сокини маҳалҳои сершах буда, гала-гала (аз 3—4 то 30—40 сарӣ) зиндагӣ мекунанд, Хӯроки онҳо ҳар гуна алаф, решаву гиёҳҳои хӯшадор, инчунин баргу шохаҳои буттаву дарахтон мебошад. Нахчир сокини қаторкӯҳҳои Тиёншон, Помиру Олой ва ҳама ноҳияҳои Тоҷикистон (600—5000 метр баландтар аз соҳили баҳр) аст. Саршумори он нисбатан зи­ёд аст. Аз рӯи маълумоти О. В. Его­ров дар масоҳати қариб 100 км2-и се водии Помири Шарқӣ то 600 cap Нахчир дучор меояд. Дар бисёр водиҳо аз 40 то 100 cap (дар 100 га) Нахчир ҳаст.

Дар 30—40 соли охир дар қаторкӯҳҳои паст (Панҷ, Вахш, Қаратоғ, Ариқтоғ, кӯҳи Муғул ва ғайра) Нахчир дар натиҷаи шикори беназорат тамом нест шудааст. Нахчир аҳамияти калони иқтисодӣ дорад. Аа он гӯшт, равған ва пӯсти хушсифат мегиранд. Саршу­мори умумии Нахчир дар СССР қариб 500 ҳазор аст. Дар РСС Тоҷикистон шикори Нахчир манъ карда шудааст.

Адабиёт: Егоров О. В., Экология сибир­ского горного козла, «Тр. ЗИН АН СССР», том 17, Москва-Ленинград, 1955; Сапожни­ков Г. Н., Рациональное использова­ние и охрана природных богатств Тад­жикистана, Душанбе. 1967; Жизнь животных. Млекопитающие или звери, том 6, Москва, 1971.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …