Маълумоти охирин

Наханг

Наханг, моҳиест аз қатори наҳангшаклҳои зерсинфи лавҳағалсамагиҳо. 3 зерқатор дорад: Наҳангҳои хозира, қадима ва шохдор. Дарозии Наҳангҳои ҳозира (Selachoidei) аз 0,5 метр (Наҳанги сиёҳи нешдор) то 20 метр (Наҳанги азимҷусса) аст. Танашон дукмонанд буда, аз ҳар ду тараф 5-тогй (Наҳанги аррабинӣ 6-то) сӯрохии ғалсама доранд. Онҳо пуфакн шиноварӣ надоранд. Дар обанборҳои кушода (баъзеашон дар дарьёҳо; масалан, дар Амазон­ка, Ганг) зиндагӣ мекунанд.

Дар СССР дар баҳрҳои Баренс, Балтика, Сиёҳ, Азов ва баҳрҳои Шарки Дур дучор меоянд. Аксарияти онҳо тухмгузор ва баъзеашон зиндазоянд. Моҳӣ, ҳайвонҳои бемӯҳраи қаъри об, сӯзанпӯстҳо, нармбаданҳо, кирмҳо ва ғайраро мехӯранд. Баъзан ба одам низ ҳамла мекунанд. Наҳангҳо аҳамияти саноатӣ доранд. Аз ҷигари онҳо равғави моҳӣ ва аз скелеташон ширеш тайёр мекунанд; гӯшташон чун маҳсулоти хӯрокӣ истифода мешавад.

Наҳангҳои қадима (Hexanchoidei) аз ҳар тараф 6 ё 7-тогй сӯрохии ғалсама доранд. Ба ду оила чудо меша­ванд: Наҳангҳои плашдор (Chlamydose- lachidae), ки як намуд (Chlamydose- lachus anguineus) доранд ва теғдандон (Hexanchidae). Наҳангҳои шохдор (Heterodontoidei); дарозиашон то 1,5 метр. Як ҷинсу (Heterodontus) 4 намудро дар бар мегиранд; асосан дар қисмҳои тропикӣ ва субтропикии уқёнусҳои Ором ва Ҳинд вомехӯранд.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …